Иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»: «Озмун сабқате ба манфиати ҷомеа, давлат ва миллат аст»
ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ду довталаби ин озмун ҳамсуҳбат шуд, ки фишурдаи суҳбат манзури хонандагон мегардад.
Яке аз иштирокчиёни озмун- донишҷӯи Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мадина Нурматова мебошад, ки дар номинатсияи «адабиёти классикии тоҷик» донишу маҳорат месанҷад. Мадина соли дуюм аст, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок дорад. Тибқи низомнома, 112 ғазал, 120 рубоӣ, 126 навъи дигари шеърӣ, 150 байт қасида, 256 байт достон ва 30 асари бадеӣ хондааст.
Мадина мегӯяд, ки «бо шарофати ин озмун солҳои охир тамоми гурӯҳҳои ҷомеа китобхон гардидаанд. Имрӯзҳо тамоми китобхонаҳо пур аз хонанда аст, ҳатто дар ҳар оила аҳли хонавода китобхон шудаанд. Онҳо сарҷамъ шуда, китоберо варақгардон карда, атрофи он бо ҳам соатҳо суҳбат мекунанд, ки ин нишони соҳибмаърифатии ҷомеа мебошад».
Ин довталаб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» изҳори миннатдорӣ намуда, афзуд, ки баргузории чунин озмунҳо сабаб мегардад, ки ҷавонон истеъдоди худро равнақ дода, дар баробари ин соҳиби мукофоти пулӣ низ шаванд.
Иштирокчии дигар-донишҷӯи курси сеюми Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон Давлатмоҳ Боева аст. Ӯ дар озмун аз рӯйи номинатсияи «адабиёти классикии тоҷик» донишу маҳорат месанҷад. Давлатмоҳ Боева аз рӯйи низомномаи озмун 150 ғазал, 150 байт қасида, 180 байт достон, 180 рубоӣ ва дубайтӣ аз бар кардааст.
«Гарчанде ман дар соҳаи тиб таҳсил дорам, ба хондани китобҳои бадеӣ низ шавқу рағбати зиёд дорам. Зеро табиб бояд бо беморон ширинсухан, хушрафтор бошад ва бо онҳо бо чеҳраи хандон муомилаи нек намояд. Иштирок дар ин озмун дар ин ҷода низ метавонад ба ман кумак намояд. Ҳар довталабе, ки дар ин озмун иштирок мекунад, қавитар, боэътимодтар ва ба донишу сухан наздиктар мегардад. «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ман танҳо мусобиқа нест, балки макони рушду омӯзиш ва фикрронии дуруст мебошад»,-мегӯяд Давлатмоҳ.
Бояд иброз намуд, ки «Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сабқате ба манфиати ҷомеа, давлат ва миллат аст. Вижагии озмун дар он аст, ки касе дар он мағлуб намешавад. Зимни суҳбат аксар иштирокчиёни озмун миннатдории худро ба Пешвои миллат баён намуданд, зеро маҳз бо ташаббусу дастгириҳои Президенти Тоҷикистон наврасону ҷавонон имкон пайдо карданд, ки дар чунин озмунҳо иштирок намуда, донишу маҳораташонро афзун гардонанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд






