«Набояд ба зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва исрофкорӣ роҳ диҳем»,-шарҳи матбуот

Май 14, 2021 16:15

ДУШАНБЕ, 14.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат маводи сершумор ба нашр расонид.

Аз ҷумла, «Ҷумҳурият», ки нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, дар шумораи № 93, сешанбе — 11 майи соли равон дар саҳфаи аввали худ таҳти  сарлавҳаҳои «Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба», «Маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба», «Паради низомӣ бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва», «Ба оташи сӯхта равған нарезем!» ва «Тоҷикистон сулҳсози минтақа аст» мавод нашр намудааст.

Дар ин шумора мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, Ҷаласаи корӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони Дастгоҳи Президент ва дигар сохторҳои давлатӣ, инчунин дигар маводи муҳими мамлакат рӯи чоп омадаанд.

Дар шумораи №94, чоршанбе- 12 май, рӯзномаи «Ҷумҳурият» «Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди саиди Фитр», «Суҳбати телефонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба ҳолати воқеии мавзеъҳои бар асари офати табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон», «Дастури Пешвои миллат барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон»-ро ба нашр расонидааст.

Инчунин дар ин шумора хабару гузоришҳо аз ҷараёни рӯйдоду воқеаҳое, ки тайи ҳафтаи равон дар мамлакат ба амал омадаанд, ҷой дода шудаанд.

 «Садои мардум» — нашрияи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи№64 (4326), чоршанбе- 12 майи соли 2021, дар радифи хабару гузоришҳо  маводеро таҳти  унвони «Набояд ба зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва исрофкорӣ роҳ диҳем», «Сафари кории Президенти мамлакат ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия», «Боришоти рӯзҳои охир талафоти ҷонӣ низ дар пай доштанд»,  «Ташаккули маърифати экологӣ аз кай оғоз мешавад?», инчунин як қатор қонунҳо ва фармонҳоро нашр намудааст.

 «Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон /ХХДТ/  дар шумораи 12 майи соли 2021, чоршанбе, №19 (1313) чун дигар нашрияҳои расмии мамлакат дар саҳифаҳои худ доир ба Ҷаласаи корӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди саиди Фитр, Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба, Маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба мавод чоп намудааст.

Дар ин шумора мақолаи Шералӣ Мустафоқулов зери унвони «Гирдоб» нашр гардидааст, ки муаллиф дар оғози он чунин навиштааст: «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони кишвар ҳамчун марди ҷасуру ватандӯст иззату эҳтиром мекунанд. Аз рӯзи нахустини роҳбарӣ ба ҳама ҷойҳои зиддиятҳои силоҳбадастон «таваккал ба Худо»-гуфта, сафар мекарданд ва бенатиҷа барнамегаштанд. Худатон андеша кунед, ки куҷои Тоҷикистон бехавф буд, ки онҷо сафар накарда бошанд. Ҳамин ҷасорату нотарсӣ буд, ки сулҳи Тоҷикистонро таъмин карданду ҳазорон муҳоҷиронро ба Ватан- ба ҷои доимии зисташон баргардониданд».

Хонандаи муҳтарам метавонад шакли пурраи ин мақоларо аз ин шумора дастрас ва мутолиа намояд.

Ҳамчунин дар ин шумора зери унвони «Президент, Ваҳдат ва ҷавонон», «Шарафёр», «Марҳилаи нави муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ӯзбекистон», «Терроризм хатарест ба ҷомеа», «Иди Ғалабаро бидуни падар истиқбол гирифтем», «Лаънаткардаи халқ», «Таҷассумгари ормонҳои нуҳуфта», «Меҳри ватандорӣ» маводи таҳлилӣ ва хабару гузоришҳо нашр гардидаанд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Май 14, 2021 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд