Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода ба Тошканд сафар кард

Май 14, 2021 12:00

ДУШАНБЕ, 14.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода  ҷиҳати  иштирок дар ҷаласаи навбатии 8-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ба пойтахти Ӯзбекистон сафар кард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ҳайати Тоҷикистонро Сарвазири Ӯзбакистон Абдулло Орипов пешвоз гирифт.

Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзодаро ба ҳузур пазируфт. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ӯзбекистон барои пазироии гарм изҳори сипос намуда, саломи самимӣ ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонид.

Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷабҳаи амалӣ, таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Тавре Агентии миллии иттилоотии «УзА» хабар медиҳад, Шавкат Мирзиёев сатҳи баланди ҳамкориҳои кунуниро, ки ба туфайли иродаи сиёсӣ ва амалҳои қатъии роҳбарони ду давлат ба даст омадааст, бо қаноатмандии амиқ зикр намуд.

Зимни мулоқот ба татбиқи лоиҳаҳои самарабах дар соҳаҳои савдо, мошинсозӣ, энергетика, маъдан, кишоварзӣ, саноати бофандагӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҳамчунин робитаҳои фаъол дар сатҳи минтақавӣ ва тиҷоратӣ, барномаҳои мубодилаи фарҳангию гуманитарӣ идома хоҳанд ёфт.

Сарвазири Тоҷикистон зикр кард, ки барои омодагии ҳаматарафаи мулоқоти дарпешистодаи сарони давлатҳои мо, инчунин ба таъмини таҳкими шарикии ҳамаҷонибаи кишварҳо ва халқҳои бародар саъй хоҳад кард.

Зикр карда мешавад, ки 15 май ҳайат дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байни ду мамлакат  ширкат меварзад.

АКСҲО: АМИ  «УзА»/АМИТ «Ховар»

Ҷузъиёти дигари сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тошкандро дар маводҳои минбаъдаи хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Тошканд мутолиа намоед.

Май 14, 2021 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон