САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕБОЯД НАМУД. Ва ё ифтитоҳи хатсайрҳои нав ба рушди туризми дохилӣ мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 20.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо фаъолияти «Маркази сайёҳӣ ва солимгардонии иттифоқи касаба»-и Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз наздик шинос шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Директори марказ Маъруф Нодирӣ ба Раиси Федератсия оид ба омодагӣ ба мавсими истироҳатии соли 2021 ва хатсайрҳои сайёҳию солимгардонии аз ҷониби марказ ба дӯстдорони сайру сайёҳат пешниҳодгардида, дар маҷмӯъ доир ба фаъолияти марказ маълумоти мукаммал дод. Зикр гардид, ки «Маркази сайёҳӣ ва солимгардонии иттифоқи касаба»-и Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳоло ба ҳаводорони сайру сайёҳат 20 хатсайри мукаммали сайёҳии дохилӣ пешниҳод менамояд.
Бахусус, хатсайрҳои «Душанбе-Сафеддара», «Душанбе-Искандаркӯл», «Душанбе–Норак» байни дӯстдорони сайру сайёҳати дохилӣ хеле ҷолиб ва мақбуланд. Сокинони мамлакат ва шахсони касбу кори гуногун ҳангоми фориғ аз кор ба тамошои ин мавзеъҳои зебоманзари кишварамон, ки табиати нотакрор доранд, мераванд.
Маликшо Неъматзода таваҷҷуҳи кормандони марказро барои ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ ва пешниҳоди хизматрасонии сатҳи баланд ҷалб намуда, иброз дошт, ки сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок буда, солҳои охир босуръат рушд менамояд. Кишвари мо дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиист ва барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар имконияту иқтидори воқеӣ мавҷуданд.
Солҳои охир намудҳои сайёҳии пиёдагардӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, солимгардонӣ бештар маъмул гардидаанд. Ташкили инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ба ҷалби бештари сайёҳони хориҷию дохилӣ ва тавлиди ҷойҳои нави корӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
АКСҲО аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






