Шарҳи расмӣ: сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ воқеъ дар маҳалли Испечаки шаҳри Душанбе

Май 2, 2021 08:12

ДУШАНБЕ, 02.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1-уми май як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар минтақаи Испечаки шаҳри Душанбе оташ гирифт. Ин ҳодиса тахминан соати 18:30 дақиқа рух дод. Нуқтаи таъмини сӯзишвории «ЭКО-ОЙЛ», ки дар ноҳияи Сино, кӯчаи Зафар, буриши маҳаллаи Ҳамадонӣ (шафати кӯчаи Мехкалон 50) воқеъ аст ва ба соҳибкор Эҳсонҷон Розиқов, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ 64, хонаи 72 тааллуқ дорад, баногаҳ оташ гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бо супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе соати 18:50 дақиқа дар ҳайати 2 гурӯҳ иборат аз 12 нафар бо 2 автомашинаи садамавӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки  барои бартараф намудани ҳолати баамаломада, 16 адад техникаи махсуси сӯхторхомӯшкунии ҷузъу томҳои Хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе, 13 адад техникаҳои Раёсати истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе, 9 адад техникаи ёрии таъҷилӣ ва зиёда аз 50 нафар ҳайати шахсии ШВКД-и 2-и ноҳияи Сино дар ҷойи ҳодиса фаъолият карданд. Забонаи оташ ба ҳадде бузург буд, ки танҳо соати  22:12 ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.

Инчунин дар натиҷаи сӯхтор болопӯши мағозаи шафати НФС-и мазкур, девори саҳни ҳавлии хонаи №17 дар суроғаи ёдшуда ва шишаҳои тирезаҳои боғчаи хусусии кӯдаконаи “Фазл-2010” қисман зарар диданд.

Муайян гардид, ки дар натиҷаи сӯхтор 29 нафар шаҳрвандон зарарҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта: 13 нафар ба Маркази тиббии №3-и шаҳри Душанбе ва 16 нафар ба Муассисаи давлатии Маркази миллиии Шифобахш (Қарияи Боло) интиқол дода шуданд.

Аз Муассисаи давлатии Маркази миллии Шифобахш 12 нафар ва аз Маркази тиббии №3-и шаҳри Душанбе 10 нафар баъди муоинаи табибон ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.

Айни замон дар Маркази миллии Шифобахш 4 нафар ҷароҳат бардоштагон бистарианд, ки ду нафари онҳо ҳоли вазнин доранд.

Се нафар аз зарардидагон занони аз 25 то 47-сола мебошанд, ки ҳоли яке аз ин занҳо вазнин гузориш шудааст.

Сӯхтор талафоти ҷонӣ надошт.

Сабабҳои сар задани сӯхтор аз ҷониби мақомоти марбута санҷидаву таҳлил мешавад.

Акс аз манбаъҳои боз

Май 2, 2021 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид