Шумораи ҳалокшудагони таркишҳо дар мактаби Кобул ба 55 нафар расид
ДУШАНБЕ, 09.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи таркишҳо дар назди мактабе дар ғарби Кобул, пойтахти Афғонистон, ҳадди аққал 55 нафар ҳалок гашта, 150 нафар маҷрӯҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз Reuters бо истинод ба манбаъ дар хадамоти амният иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, дар назди мактаби давлатӣ барои духтарон дар Кобул як мошини бомбгузоришуда таркид. Вазорати умури дохилии Афғонистон то кунун марги 30 нафарро расман тасдиқ кардааст. Аксари кушташудагон ва захмиён хонандагони мактаб мебошанд.
Пештар дар бораи ҳалок шудани 37 нафар ва захмӣ гаштани 56 нафар хабар дода шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар назди мактаби давлатӣ барои духтарон дар Кобул се таркиш рух дод. Аксари ҳалокшудагон ва захмиён хонандагони мактаб мебошанд. Шумораи ҳалокшудагон ва захмиён афзоиш ёфта истодааст.
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ин ҳодисаро амали террористӣ номид ва дар ин ҳодиса ҳаракати ифротгарои “Толибон”-ро айбдор кард. Намояндагони “Толибон” ин ҳамларо маҳкум карданд. Масъулияти ин ҳодисаро ягон ташкилот ба дӯш нагирифтааст.
Намояндагии СММ дар Афғонистон, сафорати Британияи Кабир дар Кобул ва намояндаи СААШ дар Афғонистон таркишҳоро маҳкум ва онҳоро «ваҳшоният» ва «ҳамлаҳои нафратангез нисбат ба мардуми Афғонистон» унвон карданд.
Аксҳо аз EPA









ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






