СММ ҳамлаи маргбор ба мактаб дар Кобулро маҳкум намуд

Май 9, 2021 14:37

ДУШАНБЕ, 09.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли СММ Анитониу Гутерриш ва Директори иҷроияи Фонди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Генриетта Фор ҳамлаи террористии рӯзи 8 май дар назди мактаби таҳсилоти ҳамагонии пойтахти Кобулро шадидан маҳкум карданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ.

«Зӯроварӣ дар мактабҳо ва атрофи онҳо ғайри қобили қабул аст, — изҳор дошт роҳбари ЮНИСЕФ. — Мактабҳо бояд ҷойҳои амн бошанд, ки дар онҳо кӯдакон тавонанд бозӣ кунанд, омӯзанд ва муошират намоянд».

Таркиш ҳангоме рух дод, ки хонандагон аз бинои мактаб берун мешуданд. Аксари ҳалокшудагон духтароне ҳастанд, ки он ҷо дар басти дуюм таҳсил мекарданд.

Генриетта Фор аз ҳамаи ҷонибҳои муноқиша даъват ба амал овард, ки ҳуқуқҳои байналмилалии инсон ва қонунҳои башардӯстонаро риоя кунанд, амният ва ҳимояи ҳамаи кӯдаконро таъмин намоянд.

«Нисбат ба кӯдакон ҳеҷ гоҳ набояд бадрафторӣ сурат гирад»,- гуфт намояндаи ЮНИСЕФ.

Намояндагии СММ оид ба кӯмак дар Афғонистон низ хабар дод, ки мактаббачагон ва дигар шаҳрвандон кушта ва захмӣ шудаанд.

Дабири кулли СММ ба наздикони қурбониён изҳори тасаллият кард ва ба захмиён шифои комил таманно намуд. Гутерриш таъкид кард, ки масъулони ин ҷиноят бояд пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Таркиш дар назди мактаби Сайид ул-Шуҳадо дар минтақаи Дашти Барчӣ  — дар ғарби Кобул, ки умдатан ҳазараҳои шиа зиндагӣ мекунанд, рух дод.

ДАР АКС: манзараи пойтахти Афғонистон, ки он ҷо то ҳол ҳамла ба мактабҳо сурат мегирад. Акс аз МООНПА/Ф.Дуниа

Май 9, 2021 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид