ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 май, ҷумъа, 141-умин рӯзи соли 2021 аст

Май 21, 2021 08:00

21 майи соли 2017 дар Арабистони Саудӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Америка иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

12 сол пеш, 21 майи соли 2009 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов дар  ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суханронӣ кард.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии 38-уми Шӯрои директорони Бонки рушди исломӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, суханронӣ намуданд. Бояд зикр кард, ки дар ин вохӯрии сатҳи олӣ зиёда аз 740 нафар меҳмонони хориҷӣ қариб аз 80 ташкилоти минтақавию байналмилалии кишварҳои ҷаҳон  ташриф оварда буданд.

21 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии кайҳон.

***

Дар Ҳиндустон – Рӯзи мубориза бо терроризм.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии гуногунии фарҳангҳо баҳри гуфтугӯ ва рушд.

РӮЙДОДҲО:

21 майи соли 2007 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон доир гардиданд.

***

21 майи соли 2007 дар шаҳри Душанбе Фестивали санъати мусиқии Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Баҳористон» баргузор шуд.

***

11 сол қабл, 21 майи соли 2010 дар шаҳри Санкт Петербург ҷаласаи 26-уми роҳбарони сохторҳои Шӯрои байнидавлатии мақомоти олии Иттиҳоди гумрукии Россия, Беларус ва Қазоқистон, Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авру Осиё дар сатҳи роҳбарони ҳукуматҳо ва Шӯрои роҳбарони Ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.

***

21 майи соли 2014 дар иҷлосияи навбатии  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар Тоҷикистон Дави миллӣ доир шуд, ки дар он теъдоди зиёди сокинон дар саросари мамлакат иштирок намуданд.

***

21 майи соли 2006 дар Черногория барои ба даст овардани истиқлол раъйпурсӣ баргузор шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1904  бо мақсади пайваст кардани федератсияҳои футболи миллӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ин бозӣ дар Париж Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияи футбол, (ФИФА) ташкил карда шуд. Аввалин президенти ФИФА Робер Герен интихоб гардид.

***

Соли 1851 дар Австралия аввалин маротиба тилло пайдо карда шуд.

Май 21, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш