То 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ майдончаҳои варзиш мавриди истифода қарор мегиранд

Май 20, 2021 15:33

ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки 164, кӯчаи Пушкин №2, 4, 6 ва 8-и ноҳияи И.Сомонӣ ва шаҳраки №114 назди бинои истиқоматии М15 ва М16-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе майдончаҳои варзиш ва майдончаҳои бозии кӯдакона пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд, ки ба наздикӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дастгирии соҳибкорони алоҳида, инчунин вазорату кумитаҳои давлатӣ то ин муддат дар маҳаллаҳои пойтахт зиёда аз 100 майдончаи варзиш сохта, дар ихтиёри сокинони пойтахт гузошта шудаанд.

 

 

Май 20, 2021 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад