Умед Бобозода бо Сезин Синаноғлу ва Ана Луктела мулоқот намуд

Май 18, 2021 14:53

ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 май  мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид хонум Сезин Синаноғлу ва роҳбари Дафтари ҳамоҳангсози доимӣ хонум Ана Луктела баргузор гардид.

Тавре аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, зимни мулоқот Умед Бобозода ба Сезин Синаноғлу оид ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, хусусан самтҳои афзалиятноки Стратегияи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дод. Мавсуф зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пайваста талош мекунад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор  оид ба ҳуқуқи инсон дар мамлакат назаррас мебошад.

Умед Бобозода иброз дошт, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкории минбаъдаро бо Дафтари Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар самтҳои алоҳида мувофиқи мақсад шуморида, пеша намудани чунин иқдомро вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар бахши ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон муҳим ва идома додани онро ба манфиати кор медонад.

Дар охири мулоқот хонум Сезин Синаноғлу ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкории мутақобилан судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Май 18, 2021 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад