Варзишгарони тоҷик барои роҳхатҳои охирини олимпӣ талош мекунанд

Май 4, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 04.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6-9 май дар шаҳри  Софияи Булғористон мусобиқаи ниҳоии интихобӣ оид ба гӯштин дар доираи Бозиҳои олимпии Токио – мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ  баргузор мешавад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин, барои ба даст овардани 36 роҳхати охирин ба Токио (иштирокчиёни финал дар 18 категорияи вазнӣ) 474 нафар варзишгарон аз 84 давлати дунё дар София ҷамъ меоянд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин мусобиқа 7 варзишгар иштирок мекунанд:

Гӯштини тарзи озод

57кг – Муҳаммад Икромов

65кг – Мустафо Ахмедов

86кг – Баҳодур Қодиров

125кг – Искандари Рустам

Гӯштини юнонӣ-румӣ

60кг – Фирӯз Мирзораҷабов

77кг – Далер Ризозода

87кг – Суҳроб Абдулҳаев

Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин хабар додааст, дар ҳоле ки дар панҷ соли охир гӯштингирони ҷавон рӯи майдон омадаанд, ҳашт нафар ҷоизадори олимпӣ ҳанӯз роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро нагирифтаанд ва дар мусобиқаи София ширкат мекунанд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин, ки соли 2019 дар шаҳри  Нурсултони  Қазоқистон  баргузор шуда буд (6 роҳхат дар ҳар категорияи вазнӣ), мусобиқаҳои интихобии қоравӣ, ки соли 2021 доир гардиданд (2 роҳхат дар ҳар категорияи вазнӣ) иштирокчиёни Бозиҳои олимпиро муайян кард. Вале варзишгарони тоҷик дар ду мусобиқаи гузашта натавонистанд роҳхати олимпӣ ба даст оваранд.

Дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи намуди гӯштин 288 варзишгар (192 мард, 96 зан) аз тамоми ҷаҳон ширкат мекунанд ва дар 18 категорияи вазнӣ (равияи тарзи озод — 6 вазн миёни мардон, 6 вазн миёни бонувон ва равияи юнонӣ-римӣ — 6 вазн миёни мардон) барои ҷоизаҳои олимпӣ талош менамоянд.

Май 4, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад