Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи аҳли заҳмати вилояти Хатлон дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 17.06.2021. /АМИТ » Ховар»/. 17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар хоҷагии деҳқонии “Ҳусайнӣ”-и деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара аз намоишгоҳи хоҷагидорону кишоварзони вилояти Хатлон дидан карданд.
Мавриди зикр аст, ки ба 1 июни соли равон дар вилоят 58195 тонна ғалладонагӣ, 294844 тонна сабзавот, 34954 тонна картошка, 3111 тонна полезӣ, 10746 тонна меваҷот ва 1998 ҳазор бех ниҳолу кӯчат ва парварда истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан истеҳсоли ғалладонагиҳо 102,9 фоиз, сабзавот 116,4 фоиз, картошка 109,2 фоиз, полезӣ 137,5 фоиз ва меваҷот 114,4 фоизро ташкил медиҳад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар соҳаи чорвопарварӣ давоми панҷ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли гушт 30,5 ҳазор тонна, шир 114,5 ҳазор тонна, тухм 38 миллион дона, пашм 2502 тонна, пилла 201,2 тонна, асал 23,2 тонна ва моҳӣ 483,1 тоннаро ташкил дода, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 1,2 то 6 фоизро дар бар мегирад.
Бо мақсади таъмини бозори истеъмолии вилоят ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ҳолати 1 июн дар майдони зиёда аз 314,5 ҳазор гектар кишти зироати кишоварзӣ, аз ҷумла 128,2 ҳазор гектар ғалладонагӣ, 132 ҳазор гектар зироати техникӣ, аз ҷумла 123 ҳазор гектар пахта, 20,7 ҳазор гектар сабзавот, аз он 10,4 гектар пиёз, 12,3 ҳазор гектар полезӣ, 6160 гектар картошка ва 10,7 ҳазор гектар зироати хӯроки чорво гузаронида шудааст, ки дар маҷмуъ нисбати дурнамо 101 фоиз ва нисбати ҳамин давраи соли сипаригашта 1149 гектар зиёд мебошад.
Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъоварии ғалладонагиҳо идома дошта, ба ҳолати 1 июн аз 128 150 гектар ғалладонагиҳо 15 397 гектар дарав гардида, 4959 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст.
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мақсаднок истифода бурдани замин ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар вилояти Хатлон барои ҳосили имсола дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ гузаронидани кишти такрорӣ дар зиёда аз 130,2 ҳазор гектар пешбинӣ шудааст, ки ба санаи 1 июн дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 17502 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст.
Новобаста аз натиҷаҳои ба дастомада Сарвари давлат хоҷагидорон ва масъулони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро барои афзоиш додани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини фаровонҳосилӣ, зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар, гирифтани ду се ҳосил аз як қитъа, зиёд намудани майдони кишт ва кишти такрорӣ ва ба даст овардани самараи аз ин ҳам бештар дастуру ҳидоятҳои махсус доданд.









Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба рушд ва такмили низоми омори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид






