Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 11 июн сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-11 июн дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди вилояти Суғд сурат гирифт, бо натиҷаҳои неку бобарор ва созанда барои рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ, ҳамсоягӣ ва дӯстию бародарӣ, ба анҷом расид.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони олии эҳтирому самимият ва қадршиносӣ гусел карданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти кишвари дӯсту ҳамсоя зимни ин сафари расмӣ бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат маҷмуъи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.
Аз рӯи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ва дар маҷмуъ зимни сафари расмӣ 36 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Истиқбол ва ҳам гусели бошукуҳи меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишона аз эҳтиром, самимият ва эътимоду боварӣ нисбат ба Сарвари кишвари дӯсту бародар мебошад.
Бояд гуфт, ки Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон тавонистанд бо иродаи қавии сиёсӣ, хоҳишу талошҳо ва ташаббусҳои созанда мардумони солҳо дар орзуи дидорро ба ҳам расонанд, марзҳову дилҳо ва оғуши гарм кушода, муносибатҳои ҳамкории ду давлатро ба сатҳи шарикии стратегӣ бароранд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баъди анҷоми сафари расмӣ бо як ҷаҳон таассурот аз меҳмоннавозию инсондӯстии хоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пазироии самимии мардуми соҳибфарҳанги тоҷик аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба ватан баргаштанд.









Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






