Ҷаласаи дуюми маҷозии коршиносони соҳаи ҳифзи муҳити зисти давлатҳои узви СҲШ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Нақша-чорабиниҳо дар бораи татбиқи Консепсияи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай барои давраи 2022-2024, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, дар ҷаласаи дуюми маҷозии коршиносони соҳаи ҳифзи муҳити зисти давлатҳои узви СҲШ барррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷаласа аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист директори агентии обуҳавошиносӣ Диловар Дӯстзода ҳамчун ҳамраисии ҷаласа ва коршиносони соҳаи ҳифзи муҳити зисти давлатҳои узви СҲШ иштирок намуданд.
Коршиносони соҳаи ҳифзи муҳити зисти давлатҳои узви СҲШ дар ҷаласа лоиҳаи Рӯзномаи ҷаласаи дуюми роҳбарони вазорату идораҳои соҳаи ҳифзи муҳити зисти давлатҳои узви СҲШ ва баргузории онро, ки 29 июли соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд. Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ сурат гирифта, тарафҳо вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба мувофиқа расиданд.
Акс аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд






