Ҷамолиддин Абдуллозода ва шарикони рушд бо сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар якчанд муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 июн Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ ба вилояти Хатлон сафар намуда, бо вазъи феълии хизматрасониҳои тиббӣ дар як зумра муассисаҳои тандурустии вилоят шинос шуданд.
Ҷамолиддин Абдуллозодаро дар ин сафар Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Точикистон Ян-Питер Олтерс, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу, Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ, инчунин намояндагони Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон (Лоиҳаи ТЕС-19), Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ҳамроҳӣ намуда, онҳо аз якчанд муаасисаи соҳаи тандурустии вилоят дидан намуданд.
Тавре аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсад аз сафари ҳайати корӣ шиносоӣ бо ҷараёни муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои тиббӣ ва вазъи феълии хизматрасонии тиббӣ мебошад.
Зимни сафар Ҷамолиддин Абдуллозода бо доираи васеи намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ аз Беморхонаи марказӣ ва сироятии шаҳри Кӯлоб, Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ва дигар иншооти соҳавӣ дидан намуданд.
Ҳамзамон таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат меҳмонон ба Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб дар Зарқалъа ташриф оварда, бо шароити хизматрасонии тиббӣ дар муассисаи мазкур шинос шуданд ва ҷиҳати дастовардҳои соҳавӣ бо мутахассисони беморхонаи мазкур гуфтушунид доир намуданд.
Ҳамзамон дар доираи сафар ба ноҳияи Данғара гурӯҳи корӣ аз шароити таълиму тарбия ва касбомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дидан намуда, бо барномаҳои таълимии устодон шинос гардиданд.
Баъд аз анҷоми сафари корӣ намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ аз ҳамкории пайваста бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷанбаҳо, хосатан дар бахши тандурустӣ изҳори хушнудӣ намуда, ба сатҳи феълии хизматрасонии тиббӣ дар минтақа баҳои хуб доданд. Онҳо бобати боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар вилояти Хатлон, хосатан дар самти таъмини марказҳои саломатӣ бо дастгоҳу лавозимоти тиббӣ барои ҳамкорӣ ва кӯмак ҳавасмандии хешро иброз намуданд.
Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои охир дар доираи ҳамкории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикон оид ба рушд дар саросари мамлакат дастгоҳу лавозимоти тиббӣ зиёд гардида, сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандон беҳтар мегардад.
АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






