Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон
ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 2 то 3 июн дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷараён дошт, бо натиҷаҳои неку бобарор барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон, ба анҷом расид.
Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазир ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар мулоқоту вохӯриҳои созанда анҷом доданд, ки аз руи натиҷаи онҳо 12 санади нави танзимкунандаи робитаҳо дар бахшҳои савдову саноат, нақлиёт, илму маориф, фарҳангу санъат ва ғайра ба имзо расид.
Дар фурудгоҳи шаҳри Исломобод меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари дӯсти Покистон ба таври шоиста ва самимӣ гусел карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Исломобод ба Ватан баргаштанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






