Қароргоҳи СММ аз 6 июл ба реҷаи пурраи кор дар шакли ҳузурӣ мегузарад

Июнь 9, 2021 11:25

ДУШАНБЕ, 09.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони қароргоҳи  СММ дар Ню-Йорк бо назардошти коҳиш ёфтани маҳдудиятҳои санитарие, ки дар калонтарин шаҳри ИМА бо сабаби пандемияи коронавирус ҷорӣ гардида  буданд, аз 6 июл тадриҷан ба реҷаи пурраи кор дар шакли ҳузурӣ бармегарданд. Дар ин бора 7 июн,  дар номаи дабири кулли СММ Антонио Гутерриш ба кормандони Созмони мазкур  гуфта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуотии Созмон.

Дар ин санад таъкид шудааст, ки моҳҳои охир дар шаҳр теъдоди ҳолатҳои сироятёбӣ бо коронавируси нав коҳиш ёфтааст. Гутерриш  зикр  кард, ки аз 6 июл бо дарназардошти маҳдудиятҳои эҳтимолӣ барои ҳадди бештари одамон, ки будани онҳо дар бино маҷоз аст, «қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк ба талабот барои бозгашти пурра ба шакли ҳузурии пешбурди корҳо ҷавобгӯ хоҳад буд».

«Ин маънои онро дорад, ки аз 6 июли соли 2021 интизор меравад ҳамаи кормандоне, ки пас аз тасдиқи ҷадвали алтернативӣ дар моҳи марти соли 2020 ҳафтае панҷ рӯз бо реҷаи фосилавӣ кор кардаанд, тадриҷан ба ҷойҳои кории худ баргарданд», — шарҳ дод дабири кулл.  Вай эзоҳ дод, ки  «ин маънои дар  моҳи июл бозгашти якбораи кормандонро  ба қароргоҳ надорад».  Номбурда  афзуд, ки нахуст кормандони созмони ҷаҳонӣ бояд «дар як ҳафта як рӯз ё бештар аз он» дар ҷои кор бошанд. Ҳуҷҷат муайян мекунад, ки дар ин қойида истисноҳои гуногун мавҷуданд.Гутерриш инчунин изҳори умед кард, ки stop-adhd-meds.com «манфиатҳои зиёди кор дар реҷаи фосилавӣ» ҳангоми ба рӯихатгирии кормандони созмони ҷаҳонӣ ба назар гирифта хоҳанд шуд.

 АКС аз бойгонӣ

Июнь 9, 2021 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид