Ба китобхонаҳои шаҳри Норак ба таври ройгон 190 номгӯи китоб тақдим карда шуд

Июнь 9, 2021 11:04

ДУШАНБЕ, 09.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Таъмин ва савдои китоб»-и назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Корвони китоб» ба шаҳри Норак рафта, ба  китобхонаҳои марказии шаҳри нурофарон  190 номгӯи китоб ба маблағи 5337 сомонӣ  ба таври ройгон тақдим гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ташаббуси мазкур аз ҷониби  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025»  амалӣ  карда мешавад.

Китобҳои фиристодашуда ба китобхонаҳои ҳудуди шаҳр тақсм карда шуда, хоҳишмандону ихлосмандони китоб метавонанд онҳоро  дастрас намуда, баҳри баланд бардоштани донишу маънавиёти хеш  истифода баранд.

Ҳадаф ва моҳияти ин  амал, пеш аз ҳама, рушду густариш, баланд бардоштани  савияи дониш, маърифатнокии шаҳрвандон ва тарбияи маънавии  сокинони ҷумҳурӣ мебошад.

Июнь 9, 2021 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид