Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби нави «Народная газета» дар бораи Президенти мардумӣ» аз чоп баромад

Июнь 5, 2021 10:18

ДУШАНБЕ, 05.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби нави «Народная газета» дар бораи Президенти мардумӣ» аз чоп баромад. Китоб аз 734 саҳифа иборат буда, аз ҷониби нашрияи русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» таҳия ва нашр шудааст.

Китоб ба марҳилаи ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991, ки ба вазъи душвори иҷтимоию сиёсии кишвар ва ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 марбут аст, инчунин сари қудрат омадани Президенти мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои миллат ва асосгузори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бахшида шудааст.

Бори аввал дар ин китоб матнҳои ҳамаи суханрониҳои Сарвари давлат дар давраи аз соли 1991 то соли 1999, ки дар сафҳаҳои «Народная газета» ва китоби «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» бо таҳрири С.Фаттоев  нашр гардидаанд, гирд оварда шудаанд. Хонанда метавонад бо фаъолияти пурсамари Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сулҳ ва бунёди давлати навини тоҷикон шинос шавад.

Нусхаи электронии китобро дар сомонаҳои АМИТ “Ховар” ва “Народная Газета” дастрас кардан мумкин аст.

Китоб барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шуда, барои омӯзиш аз ҷониби магистрҳо, аспирантҳо, сиёсатшиносон ва онҳое, ки ба таърихи ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, тавсия дода мешавад.

Июнь 5, 2021 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд