БЕТАРАФ НАБОШЕД! Дар қаламрави Тоҷикистон амалиёти навбатии «Бачаҳо» гузаронида мешавад

Июнь 9, 2021 13:04

ДУШАНБЕ, 09.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 15 июни соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Бачаҳо» гузаронида мешавад. Амалиёти мазкур аз ҷониби  Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо роҳандозӣ мегардад.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД  хабар доданд.

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тамоми ронандагон, падару модарон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ хоҳиш менамояд, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд. Инчунин талаботи қойидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва фарзандонашонро зери хатар нагузоранд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 9, 2021 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад