Дабири кулли СММ: то замоне, ки ҳама бо ваксина эм нашаванд, бехатарии ҳеҷ кас таъмин нахоҳад буд
ДУШАНБЕ, 25.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Коронавирус бо сабаби пайдоиши гунаҳои нав ҳамоно хатарнок аст ва эмгузаронии сартосариро тақозо мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дабири кулли СММ Антонио Гутерриш зимни суханронӣ дар парлумони Аврупо изҳор доштааст.
«Масъалаи баробарӣ дар тақсимоти ваксинаҳо, на танҳо масъалаи ахлоқӣ, балки масъалаи самаранокӣ аст. То замоне ки гунаҳои нави вирус пайдо мешавад, ҳеҷ кас дар амон нахоҳад буд, то ҳама ваксина карда нашаванд, — гуфт Антонио Гутерриш. — Мутаассифона, ҷаҳон аз уҳдаи ин хатар намебарояд. Мо бо таҳдиди ҷаҳони тақсимшуда ва аз даст додани як даҳсолаи мукаммали рушд рӯ ба рӯ мебошем».
Антонио Гутерриш таваҷҷуҳи хосро ба камбуди ваксинаи зидди коронавирус дар кишварҳои Африқо ҷалб кард. «Агар қитъаи Африқо 225 миллион вояи иловагӣ нагирад, қариб 90% кишварҳои Африқо наметавонанд ҳадафи эмгузаронии 10% аҳолиро то моҳи сентябр татбиқ кунанд» — ишора кард ӯ.
Дабири кулли СММ зарурати афзоиши назарраси талошҳо барои зиёд намудани истеҳсоли ваксинаҳоро таъкид кард ва ёдовар шуд, ки барои эмгузаронии 75% аҳолии кураи замин ва бавуҷуд овардани эминияти дастаҷамъӣ 11 миллиард воя зарур аст».
АКС аз манбаъҳои боз








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






