Дар Арабистони Саудӣ танҳо шахсони бо ваксинаҳои зидди коронавирус эмшуда метавонанд аз марказҳои тиҷоратӣ боздид намоянд

Июнь 14, 2021 11:12

ДУШАНБЕ, 14.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Боздид аз мағозаҳо, фурӯшгоҳҳо ва дигар иншооти бузурги тиҷоратӣ дар Арабистони Саудӣ аз 1 август барои касоне, ки бо ваксинаи зидди коронавирус эм нашудаанд, ғайриимкон хоҳад шуд. Дар ин бора сухангӯи Вазорати тиҷорати шоҳигарӣ Абдурраҳмон ал-Ҳусейн изҳор доштааст, хабар медиҳад ТАСС.

«Касоне, ки бо ваксинаҳои зидди коронавирус эм карда нашудаанд, пас аз 48 рӯз наметавонанд ба муассисаҳои бузурги савдо ва фурӯши молҳо бираванд. Аз 22 -уми моҳи зулҳиҷҷаи  солшумории Ҳиҷрӣ (мувофиқи тақвими григорянӣ аз 1 августи соли 2021), шарти ворид шудан ба биноҳое, ки дар онҳо маҳсулот фурӯхта мешавад, доштани санади эм шудан ҳадди аққал бо як ваксинаи зидди коронавирус хоҳад буд», — гуфт сухангӯй.

Пештар мақомоти Арабистони Саудӣ гуфта буданд, ки аз 1 август доштани санади эм шудан бо ваксинаи зидди коронавирус ҳангоми боздид аз муассисаҳои давлатӣ, инчунин як қатор чорабиниҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра дар кишвар ҳатмӣ хоҳад шуд.

Тибқи маълумоти охирин, дар шоҳигарӣ бо аҳолии 34,2 миллион нафар, аз оғози пандемия 465.797 ҳолати сироятёбӣ бо COVID-19 сабт шудааст ва 7572 бемор ба асарии сироят фавтидааст. Дар маҷмӯъ, дар ҳоли ҳозир дар Арабистони Саудӣ 10132 нафар таҳти табобат қарор доранд, ки ҳоли 1575 нафари онҳо бениҳоят вазнин аст. То ҳол 15 687 142 сокини кишвар бо вояҳои доруҳои зидди коронавирус эм карда шудааст.

 АКСИ: Reuters

Июнь 14, 2021 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид
Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст
Шумораи ҳалокшудагон дар кони Костенкои Қазоқистон ба 16 нафар расид