Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали «Атласу адрас» баргузор гардид

Июнь 5, 2021 11:43

ДУШАНБЕ, 05.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 июн дар Муассисаи давлатии  «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии Фестивали «Атласу адрас» баргузор гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Фестивали мазкур роҳбарияту намояндагони мақомоти  шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, чеварону ҳунармандон ва фаъолон аз чор ноҳияи пойтахт иштирок намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода зикр кард, ки  мақсади асосии баргузории Фестивали «Атласу адрас» арҷ гузоштан ба либоси миллӣ,  баланд бардоштани қадру манзалати ин либос, ки муаррифи фарҳанги миллист, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили атласу адрас, инчунин тарғиби  санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Баъдан дар фазои тантанавӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли фестивали мазкур аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо «Диплом», «Сипоснома»  ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки  даври шаҳрии фестивал аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла, намоиши либосҳои қадима,  кӯдакона,  рӯзмарра,  либосҳои идона ва намоиши либосҳои расмӣ иборат буда, он аз ҷониби занону бонувон ва ҳунармандони пойтахт пешниҳод карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки санъати атласу адрасбофӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикоси худро ёфтааст. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ба матоъҳои гуногун гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуданд, ки он байни дигар халқиятҳои қадим маъруфу машҳур буд.

Хотиррасон мешавем, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави кишвар доир гардида, баҳри дарёфт ва муаррифии ҳунармандон, чеварон ва тарроҳони соҳибкасб мусоидат менамояд.

Дар идомаи фестивал барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду тарона ва рақсҳои дилнишин пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

Июнь 5, 2021 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд