Дар Душанбе маъракаи ваксинатсия бар зидди COVID-19 миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло оғоз гардид

Июнь 25, 2021 09:26

ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 июн дар шаҳри Душанбе бо мақсади  пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории COVID-19 маъракаи ваксинатсия миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло оғоз гардид. Шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд  барои  гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ваксинатсия ягона роҳи эмин мондан аз сирояти коронавируси нави COVID-19 мебошад. Тибқи тавсияи мутахассисон танҳо бо гирифтани ваксина  ҳар як нафар метавонад худ ва наздиконашро аз сирояти COVID-19  эмин нигоҳ дорад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустӣ,  соҳаи маориф ва илм ва шахсони аз 60- сола боло 23 марти соли равон  ва марҳилаи дуюми  он 25 май  оғоз гардид.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Июнь 25, 2021 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон