Дар ноҳияи Синои пойтахт «Маркази тавонбахшии маъюбон» ба фаъолият оғоз кард

Июнь 5, 2021 12:02

ДУШАНБЕ, 05.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи тадбирҳои  андешидаи  роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт  «Маркази тавонбахшии маъюбон» дар   назди Маркази миллии тиббии «Шифобахш»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  маросими ба  истифода қарор додани ин  иншооти ҷашнӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иштирок доштанд.

«Маркази тавонбахшии маъюбон» дар назди Маркази миллии тиббии «Шифобахш» аз ҷумлаи  иншооти муосири соҳаи тандурустӣ буда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, фарогирии маъюбон ба хизматрасониҳои тиббӣ беҳтар хоҳадгардид.

Тавре дар ҷараёни шиносоӣ аз шароити фароҳамгардида дар ин маркази тиббӣ иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонию муҷаҳҳазгардонии «Маркази тавонбахшии маъюбон» дар ҳошияи ҳамкории байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия бо маблағгузории Сарраёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) амалӣ гардидааст.

Марказ дорои шароити зарурии хизматрасонӣ ба беморон буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар марказ барои табобати ҳам хурдсолон ва ҳам калонсолон шароити зарурӣ фароҳам  оварда шудааст.

Масъулини  «Маркази тавонбахшии маъюбон» иброз доштанд, ки инҷо се ҳуҷраи табиатшифоҳӣ ва маҳс, ҳамзамон се ҳуҷраи тавонбахшӣ мавҷуд буда, имкон аст, ки дар як вақт то 15-20 нафар беморон ба табобат фаро гирифта шаванд.

Июнь 5, 2021 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд