Дар Душанбе омодагӣ ба машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии СААД баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8-ум то 10-уми июн дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагон ва як гурӯҳ афсарони Ситоди муттаҳидаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҷаласаи ситодӣ доир гардид, ки дар он омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Иштирокчиёни ҷаласа зимни муҳокимаи масъалаҳо дар доираи омодагӣ ба ташкилу баргузории машқҳои муштараки низомии кишварҳои узви СААД, ки он дар соли равон таҳти унвони «Эшелон-2021», «Ҷустуҷӯ-2021» ва «Ҳамоҳангӣ-2021» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, таклифу пешниҳодоти мушаххас намуданд. Дар ин замина намояндагони кишварҳои аъзо оид ба марҳилаҳои баргузории машқҳои муштарак, ҳадафу моҳияти унсурҳои зиддитеррористӣ, сафарбарии қӯшунҳо, тарзи ташкили идоракунии ҷузъу томҳо ва оид ба дигар масъалаҳои вобаста ба таъминоти ҳамаҷонибаро, баҳри дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани размоишҳои низомӣ баррасӣ намуданд. Илова бар ин аз ҷониби ҳайати иштирокчиёни ҷаласа машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон», ки тибқи нақша макони баргузории марҳилаҳои машқҳо пешбинӣ шудааст, мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифт.
Аз рӯйи нақша ва матлаби баргузории машқҳои муштарак дар назар аст, ки дар размоиши низомии «Эшелон-2021», аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СААД, масоили вобаста ба ташкили таъминоти воситаҳои моддӣ-техникии қӯшунҳо ҳангоми омодагӣ ва доир намудани амалиёти муштарак амалан санҷида шаванд.
Дар машқҳои махсуси «Ҷустуҷӯ-2021» бошад воситаҳои разведкавии кишварҳои узви СААД, баҳри мусоидат ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии ин созмон дар самти гузаронидани амалиётҳои гуногуни разведкавӣ коркард ва ташкилу роҳандозӣ гардад.
Бо ҳамин тартиб дар доираи баргузории машқҳои ҳарбии «Ҳамоҳангӣ-2021» тарҳрезии масъалаҳо оид ба омодагӣ ва ташкилу ба роҳ мондани амалиёти муштарак дар самти пешгирӣ намудани муноқишаҳои мусаллаҳонаи назди сарҳадӣ дар минтақаҳои марзии Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудааст.
Умуман тибқи нақша дар назар аст, ки дар ин машқҳои муштарак низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви СААД иҷрои як қатор вазифаву уҳдарориҳои муҳими ҷангиро, ки дар шароити кӯҳистон ва дашту саҳро пешбинӣ шудааст, амалан коркарду тарҳрезӣ намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






