Дар Эрон номи президенти навро эълом карданд

Июнь 19, 2021 11:58

ДУШАНБЕ, 19.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Номзад ба мансаби президентӣ дар Эрон Муҳсин Ризоӣ собиқ прокурори генералӣ ва роҳбари кунунии мақомоти судии Эрон Иброҳим Раисиро (ДАР АКС) бо пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ табрик кард. Дар ин бора имрӯз, 19 июн агентии «ISNA» хабар дод.

Бояд гуфт, ки интихоботи президентӣ дар Эрон як рӯз пеш баргузор гардид ва ҳоло ҳисобкунии овозҳо дар арафаи анҷомёбист.

«Ман роҳбари олӣ, мардуми Эрон ва интихоби мардум, бародари худ Иброҳим Раисиро табрик мегӯям», — навиштааст Ризоӣ дар паёме, ки ба роҳбари мақомоти судӣ фиристодааст.

Дар аввал дар сабқати президентӣ ҳафт сиёсатмадор ширкат доштанд, аммо се нафари онҳо номзадии худро бозпас гирифтанд.

Ҳамин тариқ, мубориза барои мансаби президентӣ роҳбари мақомоти судии Эрон Иброҳим Раисӣ, котиби Шӯрои мақсаднокии қарорҳои қабулкарда Муҳсин Ризоӣ, муовини раиси парлумон Ҳусейн Ғазизода Ҳошимӣ, инчунин ислоҳотхоҳ ва собиқ роҳбари Бонки марказӣ Абдулносир Ҳимматӣ байни ҳам рақобат доштанд.

Президенти амалкунанда Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихобот ширкат накард, зеро муҳлати дуввуми ӯ дар ин мақом ба анҷом мерасад.

Ба гуфтаи коршиносон, Раисӣ, ки аз ҷониби роҳбари олии Эрон Алии Ҳоманеӣ дастгирӣ мешавад, дар интихоботи президентӣ пирӯз хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2017 Иброҳим Раисӣ дар интихоботи президентии Эрон мағлуб шуд ва аз Шӯрои нигаҳбон, ки вазифаи он назорати интихобот аст, таҳқиқи қонуншиканӣ дар давраҳоро хостааст, хабар медиҳад Форс. Он вақт президенти амалкунанда Ҳасани Рӯҳонӣ бо гирифтани 57% овозҳо ба муҳлати дуввум интихоб гардида буд. Раисӣ тақрибан 38% овозҳоро ба даст оварда буд.

АКС аз манобеи боз

Июнь 19, 2021 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қазоқистон машқҳои неруҳои сулҳовари СААД «Бародарии шикастнопазир-2024» анҷом ёфтанд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд