Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба ташкили самараноки истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон семинар-машварат доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон семинар-машварати ҷумҳуриявӣ оид ба ташкили самараноки истироҳати тобистона ва солимгардонии кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳу фароғатгоҳҳои мамлакат баргузор гардид. Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар кори семинар кормандони масъули вазорату идораҳои дахлдор, кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриявӣ ва роҳбарони истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ иштирок намуданд.
Дар назди ҳозирин Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода оид ба анҷоми омодагиҳо ба ин маъракаи муҳим баромад намуда, аз ҷумла зикр кард, ки Федератсияи иттифоқҳои касаба дар ин маврид корҳои муайянро ба сомон расонидааст.
-Қабл аз ҳама фаъолияти кумитаҳои соҳавиро дар ин самт ҳамоҳанг сохта, якҷоя бо мақомоти давлатӣ ва идораҳои дахлдор ҷиҳати таъмин бо кадрҳои роҳбарикунандаи омӯзгорӣ, аз ҷумла сарварони истироҳатгоҳҳо, кадрҳои омӯзгорӣ, мураббиҳо, мутахассисони тиб, ошпазҳо, дастурдеҳони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамкорӣ намуда, ҳамчунин даъват ба амал овард, ки ифтитоҳи ҳама намудҳои истироҳатгоҳҳо танҳо дар асоси хулосаи мақомоти ваколатдори назорати давлаатии санитарию эпидемологӣ, аз ҷумла бо назардошти таҷзия аз бемории коронавируси COVID-19 ба амал бароварда шавад-афзуд Раиси ФИКМТ.
Сипас намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавзӯи мавриди назар ибрози андеша карданд.
Мудири шуъбаи иқтисодӣ-иҷтимоӣ, робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалии Федератсия Ҷамшед Юнусов оид ба тартиб, меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ ва беҳдоштию солимгардонӣ дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии ҷумҳурӣ дар мавсими тобистони соли 2021 ва мудири шуъбаи ҳифзи меҳнати Федератсия Акобир Қурбонов оид ба чорабиниҳои ҳифз ба бехатарии фаъолияти истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ дар мавсими тобистони соли 2021 маълумоти муфассал доданд.
Дар охир кори семинар-машварат натиҷагирӣ гашта, барои рафъи норасоиҳои ҷузъӣ ва барои фаъолияти муштарак дар тарҳи ташкили самараноки истироҳати тобистона ва солимгардонии кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳу фароғатгоҳҳо маслиҳатҳои муфид манзур карда шуданд.
АКС: ФИКМТ








4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст






