Дар моҳи аввали тобистон — июн ҳарорати миёнаи ҳаво дар Тоҷикистон аз меъёри иқлимӣ 2-3 дараҷа пасттар пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июн ҳарорати миёнаи ҳаво дар ҷумҳурӣ аз меъёри иқлимӣ 2-3 дараҷа пасттар пешгӯӣ мешавад. Миқдори моҳонаи боришот аз меъёр зиёд шуда, дар оғоз ва нимаи моҳ боридани боронҳои шиддатнокиашон гуногун дар назар дошта шудааст.
Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, моҳи июн ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз меъёри иқлимӣ 2-3 дараҷа паст (меъёр дар водиҳо 25+30 дар доманакӯҳҳо 21+23 дараҷа гарм) пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо 23+27 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 18+19 дараҷа гарм мешавад. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешбинӣ шуда, дар водиҳо ҳаво шабона то 12+17 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои боқимонда ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 31+36 ва дар рӯзҳои алоҳида то +39 дараҷа мерасад. Дар ин вилоят миқдори моҳонаи боришот аз меъёри муқаррарӣ зиёд пешгӯӣ шуда, дар оғоз ва нимаи моҳ боридани боронҳои шиддатнокиашон гуногун дар назар аст. Дар даҳрӯзаи сеюми моҳ шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳарорати миёнаи ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нисбат ба моҳи июни соли гузашта 3 дараҷа пасттар (июни соли 2020 ҳарорати воқеии ҳаво дар водиҳо 25+31 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо 22 дараҷа гарм) пешбинӣ шудааст.
Моҳи июн ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Суғд аз меъёри иқлимӣ 2 дараҷа пасттар шуда, ҳаво дар водиҳо +25 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 11+14 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.Дар даҳрӯзаи аввали моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар ин вилоят низ дар назар дошта шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 12+17 ва рӯзона то 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 ва рӯзона 13+18 дараҷа гармӣ дар назар аст. Рӯзҳои боқимонда ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона ба 31+36 дараҷа мерасад. Миқдори моҳонаи боришот дар ноҳияҳои водибуда аз меъёри иқлимӣ баланд ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ паст пешгӯӣ мешавад. Дар аввал ва нимаи моҳ боридани боронҳои шиддатнокиашон гуногун дар назар аст. Дар аввали даҳрӯзаи сеюми моҳ шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Суғд нисбат ба моҳи июни соли гузашта 2-3 дараҷа пасттар пешбинӣ шудааст.
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои моҳи июни дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ аз меъёри иқлимӣ 2-3 дараҷа пасттар пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14+19 ва дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ 14+17 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад. Миқдори моҳонаи боришот аз меъёри иқлимӣ зиёд дар назар аст. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ноҳияҳои кўҳӣ нисбат ба моҳи июни соли гузашта 1 дараҷа пасттар ва дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ 2 дараҷа паст мешавад.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво мисли дигар вилоятҳо аз меъёри иқлимӣ 2-3 дараҷа пасттар пешгӯӣ мешавад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, миқдори моҳонаи боришот аз меъёри иқлимӣ зиёд мешавад.








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






