Дар моҳи аввали тобистон — июн ҳарорати миёнаи ҳаво дар Тоҷикистон аз меъёри иқлимӣ 2-3 дараҷа пасттар пешгӯӣ мешавад

Июнь 3, 2021 13:34

ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июн  ҳарорати миёнаи ҳаво дар ҷумҳурӣ аз меъёри иқлимӣ 2-3 дараҷа пасттар пешгӯӣ мешавад. Миқдори  моҳонаи боришот аз меъёр зиёд шуда, дар оғоз ва нимаи моҳ  боридани боронҳои шиддатнокиашон гуногун дар назар дошта шудааст.

Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ,  моҳи июн  ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз меъёри иқлимӣ 2-3 дараҷа паст (меъёр дар водиҳо 25+30 дар доманакӯҳҳо 21+23 дараҷа гарм) пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо 23+27 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 18+19 дараҷа  гарм мешавад. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешбинӣ шуда, дар водиҳо ҳаво шабона то 12+17 ва рӯзона 25+30  дараҷа  гарм мешавад.  Дар рӯзҳои боқимонда ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 31+36 ва дар рӯзҳои алоҳида то +39 дараҷа мерасад. Дар ин вилоят миқдори  моҳонаи боришот аз меъёри муқаррарӣ зиёд пешгӯӣ шуда, дар оғоз ва нимаи моҳ  боридани боронҳои шиддатнокиашон гуногун дар назар аст. Дар даҳрӯзаи сеюми моҳ шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

Ҳарорати миёнаи ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон ва  ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нисбат ба моҳи июни соли гузашта 3 дараҷа пасттар (июни соли 2020 ҳарорати воқеии ҳаво дар водиҳо 25+31 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо 22 дараҷа гарм) пешбинӣ шудааст.

Моҳи июн ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Суғд аз меъёри иқлимӣ 2 дараҷа пасттар шуда, ҳаво дар водиҳо +25 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 11+14 дараҷа гармиро  ташкил медиҳад.Дар даҳрӯзаи аввали моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар ин вилоят низ дар назар дошта шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 12+17 ва рӯзона то 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 ва рӯзона 13+18 дараҷа гармӣ дар назар аст. Рӯзҳои боқимонда ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона  ба 31+36 дараҷа мерасад. Миқдори  моҳонаи боришот дар ноҳияҳои водибуда аз меъёри иқлимӣ баланд ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ паст пешгӯӣ мешавад. Дар аввал ва нимаи моҳ боридани боронҳои шиддатнокиашон гуногун дар назар аст. Дар аввали даҳрӯзаи сеюми моҳ шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар  вилояти  Суғд нисбат ба моҳи июни соли гузашта 2-3 дараҷа пасттар пешбинӣ шудааст.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои моҳи июни дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ аз меъёри иқлимӣ 2-3 дараҷа пасттар пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14+19 ва  дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ 14+17 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар даҳрӯзаи аввали моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад. Миқдори моҳонаи боришот аз меъёри иқлимӣ зиёд дар назар аст. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар  ноҳияҳои кўҳӣ нисбат ба моҳи июни соли гузашта 1 дараҷа пасттар ва дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ 2 дараҷа паст мешавад.

Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво  мисли дигар вилоятҳо аз меъёри иқлимӣ 2-3 дараҷа пасттар  пешгӯӣ мешавад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, миқдори  моҳонаи боришот аз меъёри иқлимӣ зиёд мешавад.

Июнь 3, 2021 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид