Дар Москва бо сабаби коронавирус маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карда шуданд

Июнь 14, 2021 10:59

ДУШАНБЕ, 14.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрдори Москва Сергей Собянин бинобар бад шудани вазъи беҳдоштӣ дар Москва ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои навро эълом намуд. Аз ҷумла, ба корфармоён тавсия дода шудааст, ки аз 13 июн на камтар аз 30% кормандонро, инчунин ҳамаи кормандони синнашон аз 65 сола боло ва гирифтори бемориҳои музминро, ба истиснои ашхоси эмшуда, ба реҷаи кори фосилавӣ гузаронанд, хабар медиҳад «АЗЕРТАДЖ»  бо истинод ба ВАО-и  Россия.

Рӯзҳои 15 — 19 июн бо ҳифзи маош ғайри корӣ эълон шудаанд. Дар ҳамин муҳлат  барои ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ реҷаи кории мушобеҳи реҷаи корӣ дар рӯзи истироҳат муқаррар карда мешавад.

Ба ҳамин тартиб, «рӯзҳои итироҳатии тӯлонӣ» нӯҳ рӯз — аз 12 то 20 июн тамдид мешаванд.

Инчунин аз 13 то 20 июн фаъолияти боғҳои ҳайвонот, фудкортҳо (нуқтаҳои фурӯши ғизо дар марказҳои тиҷоратӣ), утоқҳои бозии  кӯдакон  боздошта мешаванд. Барҳо, қаҳвахонаҳо ва клубҳои шабона метавонанд чорабиниҳои фароғатӣ ва қабули мизоҷонро аз соати 23.00 то 6.00 ташкил кунанд (додани фармоишҳо ва ба фармоишгарон расонидани онҳо маҷоз аст).

Як рӯз пеш дар Москва 6701 ҳолати нави сироятёбӣ бо COVID-19 ошкор шуд, рӯзе пештар ситоди  фаврӣ нишондоди баландтаринро аз моҳи январ ба ин тараф сабт намуд.

АКСИ: Максим Блинов/РИА «Новости»

Июнь 14, 2021 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид
Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст
Шумораи ҳалокшудагон дар кони Костенкои Қазоқистон ба 16 нафар расид