Дар ноҳияи Дарвоз даври дуюми озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид

Июнь 8, 2021 10:22

ХОРУҒ, 08.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Вватани азизи ман” дар қасри фарҳанги ноҳияи Дарвоз бо ширкати зиёда аз 35 нафар ҳаваскорони санъати назди клубу хонаҳои фарҳанг баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан аз шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Ин озмун се соли пеш бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт ва дар давоми ин солҳо наздик ба якуним ҳазор сарояндагону навозандагони наврасу ҷавон дар он ширкат намуданд.

Мудири шуъбаи фарҳанги вилоят Сайёд Бунёд иброз намуд, ки яке аз мақсадҳои аслии ин озмун дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи ҳунар ва такмилу сайқал додани маҳорату истеъдоди онҳо мебошад. Яке аз дигар ҳадафҳои ин озмун баланд бардоштани мазмуну моҳияти шеър ва оҳанги он мебошад.

Мудири шуъбаи фарҳанги вилоят аз кумаку дастгирии волидайн низ изҳори қаноатмандӣ намуда, баён дошт, ки онҳо ҳам дар даври аввал ва ҳам дар даври дуюм дар толор нишаста буданд ва фарзандони худро бо кафкубиҳо дастгирӣ мекарданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳайати ҳакамон ба таври шафоф ба ҳунари ҳар як иштирокчӣ баҳо гузоштанд ва ба 10 нафар барои ширкат дар озмуни вилоятӣ роҳхат доданд.

Ғолибони озмун бо ифтихорномаи раиси ноҳия ва мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.

АКС аз МИҲД-и ш.Хоруғ

Июнь 8, 2021 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд