Дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо ҳайати Ӯзбекистон вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 2 июн муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова бо ҳайати марказҳои таҳлилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Анвар Насиров гуфтушунид кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки сатҳи баланди шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба шарофати қарорҳои қабулкардаи Сарварони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар тамоми соҳаҳои ҳамкории мутақобилан судманд ба даст омадааст.
Яке аз далелҳои барҷастаи ин афзоиши рӯзафзуни ҳаҷми тиҷорати мутақобила мебошад. Зикр гардид, ки имрӯз барои таҳкими минбаъдаи гардиши мол, татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки ҳамгироии саноатӣ, тавсеаи ҳамкории байниминтақавӣ ва робитаҳо байни доираҳои соҳибкории ду кишвар имкониятҳои бузург мавҷуданд.
Илова бар ин, дар ҷумлаи самтҳои мубрам, аҳамияти рушди муштараки иқтисоди рақамӣ, нақлиёт ва логистика, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин кумак ба барномаҳо дар соҳаи сайёҳӣ муайян шудаанд.
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ташкилоти ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ мебошад, ки аъзои Палатаи савдо ва саноат, корхонаҳои Тоҷикистонро, ба шумули соҳибкорони инфиродӣ, корхонаҳои муштарак, соҳибкорон, иттиҳодияҳо, ташкилотҳоро оид ба масъалаҳои вобаста ба татбиқи фаъолияти иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ муттаҳид мекунад.
АКСИ ПСС ҶТ








Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






