Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 1 октябри соли 2026 дар ҷумҳурӣ 401,1 ҳазор субъекти хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 42,5 ҳазор шахсони ҳуқуқӣ ва 358,6 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ (ба тариқи «Равзанаи ягона») мебошанд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 шумораи субъектҳои хоҷагидор 18,2 ҳазор ё 4,8 фоиз зиёд шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар моҳҳои январ – сентябри соли 2026 ҳамагӣ 1771 адад шахсони ҳуқуқии навтаъсис ба қайд гирифта шудаанд, ки бештари онҳо ба шаҳри Душанбе рост меоянд. Инчунин шумораи соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда то 1 октябри соли 2026 358,6 ҳазор мебошанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 5,0 фоиз зиёд шудааст.
Тибқи таҳлилҳои иқтисодчиён, дар рушди бонизоми иқтисодиёти мамлакат бахши хусусии соҳибкорӣ нақши созгор дорад. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя такони ҷиддӣ бахшиданд.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул ва амалӣ мегардад. Ин барнома барои ташкили низоми ҳуқуқию иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, муколамаи давлат бо бахши хусусӣ, содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ба танзим даровардани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, низоми иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, ташаккули низоми андозбандӣ ва содагардонии савдои берунӣ ислоҳоти манфиатноке мебошад, ки ба рушди бахши хусусӣ мусоидат намуд.
Яке аз ташаббусҳои дигар ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама
намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна» мебошад, ки 28 октябри соли равон ба тавсиб расид. Тибқи ин Фармон ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2029 мораторий эълон карда шуд.
Фармони мазкур бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ мебошад. Бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои 2008-2026 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022, 2025 ва 2026) дар ҷумҳурӣ 6 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шудааст.
Мораторийҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некӯаҳволии мардум мусоидат намуд.
Ин мораторий, ки дар доираи сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ бори шашум амалӣ шудааст, ба пешгирӣ кардани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои фаъолияти соҳибкорон равона гардидааст. Барои соҳибкории хурду миёна нигоҳ доштани чунин шароит барои таҳкими фаъолият, навсозии истеҳсолот ва ҳифзи ҷойи кор зарур аст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агенти омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд






