Дар пасманзари вазъи Афғонистон дар Ӯзбекистон машқҳои низомӣ оғоз шуданд

Июнь 25, 2021 11:06

ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон, дар Ӯзбекистон ҷиҳати ба ҳолати омодагии ҷангӣ овардани неруҳо машқҳои ногаҳонии низомӣ шурӯъ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилоъ додааст.

«Таҳти роҳбарии Вазири мудофиа Баҳодур Қурбонов, тибқи нақша, санҷишҳои ногаҳонӣ дар ҳавзаҳои низомии махсуси Тошканд ва ҷанубу ғарбӣ, инчунин дар қисмҳо низомии ва шуъбаҳои қӯшунҳои дифоъи ҳавоӣ ва неруҳои низомӣ — ҳавоии Ӯзбекистон гузаронида мешаванд», —  омадааст дар баёнияи матбуотии Вазорати мудофиа.

Тибқи маълумоти вазорати мудофиаи ин кишвар, тамринҳои тактикии баталиёнӣ дар ҳудуди машқгоҳҳои Ангрен ва Тирмиз баргузор мешаванд. Зикр шудааст, ки ин иқдомот барои табодули таҷриба ва ҳамоҳангсозии фаъолияти қисмҳои низомӣ ва неруҳои муттаҳидаи фармондеҳии махсуси Тошканд ва ҷанубу ғарбӣ зарур аст.

Дар ҷараёни машқҳои тактикӣ фаъолияти ҳайати шахсӣ, имконияти тақвият бахшидани ҳимоя дар самти муайяншуда ва қобилияти иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон вогузоршудаи тайёрии ҷангӣ тафтиш карда мешаванд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуот, дар доираи машқҳо, метавон  мавқеъҳои эҳтимолии душмани шартӣ муайян ва ба қароргоҳҳои он зарба зада шавад. Ин ба пешгирии ҳама гуна иқдомоти фаъоли душман  мусоидат мекунад, шарҳ додааст вазорат.

Бояд илова кард, ки машқҳои низомӣ дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон баргузор мешаванд. Дирӯз Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар дод, ки 23 июн 53 низомии неруҳои марзбонии Афғонистон ва мансубини милисаи маҳаллӣ бо силоҳ ба қаламрави Ӯзбекистон гузаштанд.

 АКСИ Вазорати мудофиаи Ӯзбекистана

Июнь 25, 2021 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид