Дар Риёз ҳамкории Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ мавриди муҳокима қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Риёз вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии халиҷи Форс (ШҲДАХФ) доктор Нойиф Ал-Ҳаҷраф баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ШҲДАХФ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо инчунин перомуни қазияҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.
Бояд тазаккур дод, ки Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ (GCC) сохтори минтақавие мебошад, ки шаш давлати арабӣ — Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар, Кувайт, Баҳрайн ва Умонро дар бар мегирад.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли Дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
Дар Риёз ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Комиссияи синамои Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид






