Дар Санкт-Петербург шурӯъ аз 17 июн чораҳои бехатарӣ бинобар коронавирус дубора тақвият дода мешаванд

Июнь 14, 2021 11:01

ДУШАНБЕ, 14.06.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Шаҳри Санкт-Петербурги Россия шурӯъ аз 17 июн чораҳои бехатариро дар робита бо пандемияи коронавирус тақвият хоҳад дод. Дар ин бора имрӯз ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти маъмурияти губернатори шаҳр хабар дод.

«Шурӯъ аз 17 июн фаъолияти фуд-кортҳо ва фуд-плейсҳо, ба истиснои онҳое, ки дар вокзалҳо, фурудгоҳҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ҷойгиранд, инчунин расонидани хадамоти хӯроки ҷамъиятӣ бо истифода аз хидмати бурдарасонӣ; кори тарабхонаҳо аз соати 02:00 то 06:00, ба истиснои хадамоти ҳамроҳ гирифтан, ба ҳуҷраҳои меҳмонхонаҳо, бурдарасонӣ ба хона, инчунин ошхонаҳои истеҳсолӣ манъ мегардад (муваққатан боздошта мешавад)», — омадааст дар иттилоия.

Инчунин дар Санкт-Петербург баргузории ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ бо шумораи беш аз 3 ҳазор тамошобин манъ аст. Кинотеатрҳо ҷойро то 50% коҳиш медиҳанд.

Мақомот ба ташкилотҳои шаҳрӣ тавсия медиҳанд, ки ҳузури кормандонро дар ҷойҳои корӣ кам кунанд.

АКС аз ТАСС

Июнь 14, 2021 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари тирпаронӣ дар Лас-Вегас се нафар ҳалок шуданд
Ҳар панҷумин кӯдак дар 40 давлати сарватмандтарини ҷаҳон қашшоқона умр ба сар мебарад
Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид
Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд