Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 07.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он Созишномаи дастгирӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода зимни баррасии Созишномаи мазкур иброз намуд, ки мақсади асосии лоиҳа сохтмон ва барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтар гардонии сифат, безараргардонӣ ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб мебошад.
Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 15,0 млн евроро ташкил дода, аз он маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 7,5 млн евро аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми 7,5 млн евро аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо ҷудо мегардад.
Татбиқи лоиҳа аз аввали соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи моддаи 2-и Созишнома мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб якчанд уҳдадориҳоро ҷиҳати дастгирии лоиҳа бояд иҷро намояд, аз ҷумла бе розигии хатти Бонк, амалҳое, ки боиси тағйир, бекоркунӣ, интиқол кардан ё бекор кардани Шартнома дар бораи пешниҳоди хидматҳои коммуналӣ ё ҳамагуна муқаррароти он шуда метавонанд, қабул накунад; вазифаҳои худро тибқи Созишномаҳои амалиётӣ иҷро намоянд; саривақт пардохтҳоро барои хизматрасониҳо ё ягон маблағи дигар, ки ба Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ё Ташкилоти лоиҳавӣ вобаста аст, дар ҳолати зарурӣ пардохт намоянд, инчунин дигар уҳдадориҳое, ки дар муқаррароти Созишномаи мазкур дарҷ гардидаанд.
Бо Қарори Шӯрои МН МОҶТ аз 31 майи соли соли 2021 Созишнома барои хулоса ба кумитаи Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Созишномаи мазкур ба талаботи моддаҳои 57, 75-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 11, 12, 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадаҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
АКС аз МН МОҶТ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






