Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» мавриди баррасӣ қарор гирифт

Июнь 7, 2021 11:57

ДУШАНБЕ, 07.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он Созишномаи дастгирӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода зимни баррасии Созишномаи мазкур иброз намуд, ки мақсади асосии лоиҳа сохтмон ва барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтар гардонии сифат, безараргардонӣ ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб мебошад.

Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 15,0 млн евроро ташкил дода, аз он маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 7,5 млн евро аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми 7,5 млн евро аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо ҷудо мегардад.

Татбиқи лоиҳа аз аввали соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи моддаи 2-и Созишнома мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб якчанд  уҳдадориҳоро ҷиҳати дастгирии лоиҳа бояд иҷро намояд, аз ҷумла бе розигии хатти Бонк, амалҳое, ки боиси тағйир, бекоркунӣ, интиқол кардан ё бекор кардани Шартнома дар бораи пешниҳоди хидматҳои коммуналӣ ё ҳамагуна муқаррароти он шуда метавонанд, қабул накунад; вазифаҳои худро тибқи Созишномаҳои амалиётӣ иҷро намоянд; саривақт пардохтҳоро барои хизматрасониҳо ё ягон маблағи дигар, ки ба Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ё Ташкилоти лоиҳавӣ вобаста аст, дар ҳолати зарурӣ пардохт намоянд, инчунин дигар уҳдадориҳое, ки дар муқаррароти Созишномаи мазкур дарҷ гардидаанд.

Бо Қарори Шӯрои МН МОҶТ аз 31 майи соли соли 2021 Созишнома  барои хулоса ба кумитаи Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишномаи мазкур ба талаботи моддаҳои 57, 75-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва моддаҳои 11, 12, 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадаҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

АКС аз МН МОҶТ

Июнь 7, 2021 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд