Дар СММ оид ба хатари баландтарини истифодаи силоҳи ҳастаӣ пас аз давраи ҷанги сард изҳор доштанд
ДУШАНБЕ, 23.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар СММ нақши рӯзафзуни силоҳи ҳастаиро дар стратегияҳои миллӣ амниятӣ мушоҳида кардаанд. Дар ин бора муовини дабири кулли Созмон Изуми Накамитсу хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Хатари истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар натиҷаи амалҳои барқасдона, ҳодисаи ногувор ва ё муҳосиботи нодуруст аз замони ҷанги сард бисёр баланд аст», — зикр кардааст муовини дабири кулл.
Вай изҳор кардааст, ки СММ бештар аз эҳтимоли авҷ гирифтани тасаввуроти нодуруст нисбат ба амалкарди ҷонибҳо нигарон аст.
Дар ҷумлаи сабабҳои ин тамоюл, Накамитсу афзоиши низоми бисёрқутбаи ҳастаӣ, ташаннуҷ дар муносибти байни кишварҳо ва сабқати силоҳи ҳастаиро номбар кардааст.
«Мо набудани муколама, коҳиши шаффофиятро мушоҳида мекунем. Фурӯпошиии низоми назорати аслиҳа идома меёбад», — хулоса кардааст вай.
Муовини дабири кулл изҳори умедворӣ кардааст, ки қудратҳои ҳастаӣ дар мавриди маҳви аслиҳа мувофиқа хоҳанд кард. Ба гуфтаи вай, ин беҳтарин роҳи рафъи хатари низои ҳастаӣ аст.
8 июн дабири кулли СММ Антонио Гутерриш аз Россия ва Иёлоти Муттаҳида даъват кард, ки дар бораи коҳиши минбаъдаи силоҳҳои ҳастаӣ ба мувофиқа расанд. Вай таъкид кардааст, ки ҳукуматдорони ҳарду кишвар бояд созишномаҳои навро дар бораи силоҳи ҳастаӣ таҳия кунанд. Ба гуфтаи Гутерриш, ин барои додани посухи саривақтӣ ба чолишҳои нав дар ин соҳа кумак хоҳад кард.
АКСИ: AP 2021