Дар Теҳрон мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 июни соли равон дар шаҳри Теҳрон мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти таъмини амният, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, мубодилаи иттилоот, дастгир намудани ҷинояткорон ва шахсони дар кофтуков қарордошта гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Ҳамзамон ҷаласаи якҷояи гурӯҳҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз гардида, дар ҷараёни он як зумра масоили муҳими ҳамкории муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Айни замон сафари кории Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ дода мешавад.









«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






