Дар Тоҷикистон бори нахуст Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ бо иштироки 130 нафар кӯдакон аз кишварҳои СҲШ баргузор гардид

Июнь 24, 2021 15:16

ДУШАНБЕ, 24.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ ба муносибати раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи STEEM — таҳсилоти Империяи дониш ва иштироки зиёда аз 130 нафар кӯдакон аз кишварҳои СҲШ бори нахуст Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ баргузор гардид.

Мусобиқоти зеҳнии Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ имкон медиҳанд, ки омилҳои ҳамкории судмандро, ки дар консепсияи мавҷудият ва фаъолияти СҲШ ҷой дода шудаанд, татбиқ гардад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон як навъ пуле шудааст, ки на танҳо сиёсатмадорон, дипломатҳо ва дигар шахсиятҳоро, балки кӯдаконро ба ҳам васл мекунад, ки дӯстӣ ва таассуроти онҳо тамоми умр боқӣ мемонад ва дӯстони наве, ки онҳо дар рафти муошират пайдо мекунанд, барои муттаҳидшавии бештар ва самараноки кишварҳоямон дар оянда мусоидат намояд.

Таъкид гардид, ки дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд, ва ҷамъомади  имрӯза ҳамчун нахустин ва муҳим дар доираи ин Созмон ба таърихи СҲШ ворид хоҳад шуд, муҳим барои он аст, ки он бо фарзандони мо бо ояндаи мо иртибот дорад ва имрӯз мо дидем, ки он ҳамчун намояндагони тамоми гулдастаи фарҳангҳои халқҳои кишварҳои СҲШ ояндадор ва гуногунранг хоҳад буд.

Сиёсати хирадмандонаи Пешвои avodart-dutasteride.com, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқҳои Тоҷикистон имкон медиҳад, ки фарҳанги пурғановат ва анъанаҳои худро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, инчунин  ба корҳои созанда ҷиҳати таҳкими дӯстӣ байни халқҳои тамоми ҷаҳон, аз ҷумла, минтақаи СҲШ машғул шаванд.

Сатҳи баланди байналмилалии баргузории ин чорабинӣ, инчунин муоширати мустақими кӯдакон бо ҳамдигар нишон медиҳанд, ки халқҳои кишварҳои СҲШ дар мисоли худ ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмиро байни худ нишон медиҳанд, кӯшиш мекунанд, ки ғояҳои башардӯстӣ, инчунин ҳамкории дар асоси эҳтироми мутақобила ва риояи манфиатҳои кишварҳои СҲШ бунёдшударо тарғиб кунанд.

Ёдовар мешавем, ки натиҷаи озмун 25 июни соли равон  дар муассисаи мазкур ҷамъбаст гардида, ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ бо “Ифихорнома” ва туҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Июнь 24, 2021 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми марказҳои таҳлилии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад