Дар Тошканд ҳамоиши байналмилалии коршиносони ИДМ оид ба масоили таъмини амнияти иттилоотӣ баргузор мешавад

Июнь 21, 2021 09:34

ДУШАНБЕ, 21.06.2021/АМИТ «Ховар»/. 29 июни соли равон дар Тошканд Ҳамоиши байналмилалии коршиносони ИДМ оид ба масоили таъмини амнияти иттилоотӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «УзА».

Ҳамоишро Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ дар  назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо дастгирии Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ доир мекунанд.

Муколама оид ба масоили амнияти иттилоотӣ, ки дар шакли омехта бо пайвастшавии онлайни иштирокчиёни хориҷӣ ташкил карда шудааст, гирд оварадни беш аз 50 коршиноси пешбарро аз кишварҳои Иттиҳод ба нақша гирифтааст. Дар он ҳам намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои пешрафтаи таҳлилии кишварҳои ИДМ ва ҳам роҳбарони вазорату идораҳои соҳавӣ иштирок мекунанд.

Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев, Директори генералии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди минтақавии ИДМ дар соҳаи алоқа Нуриддин Муҳиддинов, мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Олимҷон Умаров ва директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ дар  назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элдор Арипов бо сухани ифтитоҳӣ ба иштирокчиён муроҷиат мекунанд.

Таркиби бонуфузи ширкаткунандагон имкон медиҳад, ки тамоюлҳои охирин дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ баррасӣ шаванд ва бархӯрди мутавозин ва ҳамоҳангшуда ҳангоми коркарди усулҳои маъқули муқовимат бо зуҳуроти зидди ҳуқуқӣ дар ин соҳа мувофиқа карда шавад.

Ташаббуси доир намудани ҳамоиши мазкурро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар саммитҳои сарварони давлатҳои Иттиҳод дар солҳои 2019 ва 2020 пешниҳод карда буд.

Афзудани таваҷҷуҳ ба ин масъала, пеш аз ҳама ба рақамикунонии миқёсан густурдаи соҳаҳои муҳими иқтисодиёт, системаҳои мудирияти давлатӣ ва таъминоти иҷтимоӣ, инчунин соҳаи хизматрасонӣ вобаста аст.

Муҳимият  ва саривақтӣ  будани ҳамоишро пайомадҳои глобалии уфунати коронавирус низ тасдиқ мекунанд, ки рақамисозии ҷомеа, давлат ва соҳибкориро чандин баробар суръат бахшиданд. Чораҳои маҳдудкунандаи дар ҷаҳон ҷорикардашуда ба рушди омӯзиши фосилавӣ, телемедицина, тиҷорати интернетӣ ва ғайра таъсири назаррас расониданд.

Дар айни ҳол, дар баробари рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, воридшавии онҳо ба тамоми соҳаҳои ҳаёт, хатарҳои дастёбии бидуни иҷозат ба иттилооте, ки метавонад боиси халалдор шудани соҳаҳои энергетика, мудофиа, нақлиёт, телекоммуникатсия ва тандурустӣ шаванд, меафзоянд. Дар натиҷа, эҳтимоли расонидани на танҳо зарари калони моддӣ, балки ба вуҷуд омадани таҳдид ба амнияти ҳаёти шаҳрвандон хеле баланд аст.

Дар чунин шароит, таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз омилҳои калидии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ — сиёсии давлат ва ҷомеа мегардад.

Ин тамоюлҳо дар қатори дигар масъалаҳои мубрами рӯз, ки самтҳои афзалиятноки ҳамкории маҷмӯии кишварҳои ИДМ -ро дар давраи миёнамӯҳлат муайян мекунанд, дар асноди консептуалӣ инъикос  ёфтаанд. Дар доираи Иттиҳод як қатор аснод қабул шуданд, ки ба муттаҳид сохтани кӯшишҳо ва самаранокии ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ, ташкили системаҳои иттилоотии муҳофизатшудаи таъиноти гуногун нигаронида шудаанд.

Аз ҷумла, дар соли 2020, дар давраи раёсати Ӯзбекистон дар ИДМ, сарони давлатҳо «Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ ва Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ  то соли 2030»-ро  имзо карданд. Таҳкими ҳамкорӣ дар рушди иқтисоди рақамӣ ва малакаҳои рақамӣ дар ин санадҳо ҳамчун яке аз самтҳои серталаби ҳамкорӣ муайян карда шудаанд. Бинобар ин, ба таъмини амнияти иттилоотӣ ва муқовимат бо ҷиноятҳо бо истифодаи ТИК ҷойгоҳи муҳим ҷудо шудааст.

Дар ин робита, нахустин ҳамоиши коршиносон, ки ҷониби Ӯзбекистон онро ташкил мекунад, бояд пойгоҳи (платформаи) муҳим барои табодули афкор оид ба тамоюлҳои охирин ва дастовардҳо дар соҳаи рақамисозӣ мубаддал гардад. Чорабинӣ имкон медиҳад, ки таҷрибаи пешқадами миллӣ дар самти муқовимат бо таҳдидҳои мавҷуда дар фазои иттилоотӣ мубодила карда шавад.

Бо дарназардошти ин, ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии  ҳамоиш мутобиқи самтҳои калидии Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ таҳия шудаанд. Дар рӯзномаи чорабинӣ муҳокимаи чунин масъалаҳои муҳим, аз қабили ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иттилоот дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ; муқовимат бо ҷинояткорӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ; муҳофизати техникии инфрасохторҳои иттилоотӣ ва таҳқиқи ҷиноятҳои киберӣ; ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар муҳити иттилоотӣ дохил карда шудаанд.

Аз рӯи натиҷаҳои муҳокимарониҳо қабули Санади ҷамъбастии ҳамоиши байналмилалии коршиносони ИДМ оид ба амнияти иттилоотӣ бо тавсияҳои амалӣ оид ба такомули заминаҳои шартномавӣ — ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалии ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ дар доираи Иттиҳод пешбинӣ шудааст.

                                                                      АКС: «УзА»

Июнь 21, 2021 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд