Дар Ворух синфхонаҳои нави таълимӣ барои омӯзиши барномаҳои компютерӣ ва дузандагӣ ба фаъолият оғоз намуданд

Июнь 27, 2021 08:33

ДУШАНБЕ, 27.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ду синфхонаи нави таълимӣ барои омӯзиши барномаҳои компютерӣ ва дузандагӣ дар заминаи инфрасохтори намояндагии филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон бунёд гардида, аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар синфхона бо 10 мошинаи дӯзандагӣ ва 10 дастгоҳи компютерии муосир таъмин карда шудаанд.  Дар заминаи ин синфхонаҳо имкон дорад, ки дар ду баст то 80 нафар хоҳишмандон аз ҳисоби аҳолии бекор ва бекасб ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.

Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни  ифтитоҳи синфхонаҳои таълимӣ муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонзода ва  муовини якуми Раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Исфара ва дигар намояндагони мақомоти дахлдор  иштирок намуданд.

Муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонзода иброз намуд, ки «ташкил намудани чунин синфхонаҳо дар партави сиёсати Президенти мамлакат ва дар доираи нақша – чорабиниҳо аз натиҷаи сафари Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи Ворух амалӣ гардида, ин иқдом барои ҳарчи бештару беҳтар омӯхтани ихтисосҳои муосир, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани сокинон ва дар ин замина таъмин намудани бозори меҳнат бо мутахассисони касбӣ мусоидат менамояд».

 

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 27, 2021 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд