Даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа» ҷамъбаст гардид

Июнь 24, 2021 09:48

ДУШАНБЕ, 24.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа»  аз рўи ду номина — расми беҳтарин зери унвони «Андоз аз нигоҳи наврасон» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва  «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои донишҷўён, шаҳрвандон ва соҳибкорон ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Тавре аз Кумитаи андози мамлакат  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  озмун дар се давр доир  гардида, даври якум дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то 15 июни соли равон доир  гардид ва  даври дуюми он дар шаҳру ноҳияҳои зикргардида  то 15 августи соли равон доир  мешавад.

Ҳамаи ғолибони даври дуюм ( ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм)  дар даври сеюм, ки то 15 октябри соли равон дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

Бояд гуфт, ки барои дар сатҳи баланди касбӣ ва муташаккилона баргузор намудани озмун бо Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи озмун ва ҳайати Комиссияи тадорукот иборат аз кормандони масъули Кумитаи андоз, вазоратҳои молия, маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис дода шудааст.

АКС: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 24, 2021 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид