Директори генералии СУТ даъват кард, ки ба пандемияҳои нав омодагӣ гирифта шавад

Июнь 29, 2021 11:03

ДУШАНБЕ, 29.06.2021./АМИТ «Ховар»/. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд сабақҳои пандемияи кунунии коронавирусро ба инобат бигирад ва  ба эпидемия ва уфунатҳои фарогири нав омода шавад. Дар ин бора дирӯз, 28 июн директори генералии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Зимни суханронӣ аз тариқи иртиботи телекоммуникатсионӣ ба иштирокчиёни ҳамоиши тандурустии давлатҳои воқеъ дар ҷазираҳои хурд ӯ қайд кард: «Мо ҳама бояд сабақҳоеро, ки пандемия ба мо медиҳад, биомӯзем». Тавре роҳбари СУТ таъкид кард, бояд «барои омодагӣ ба эпидемияҳо ва пандемияи нави эҳтимолӣ, пешгирӣ, ошкор кардан ва вокуниши сареъ нисбати онҳо дар заминаи фарогирии ҳамагонии тандурустии умумиҷаҳонӣ ва кумаки неруманди аввалияи тиббӣ ҳама корҳои имконпазир анҷом дода шаванд».

Гебрейесус дар бораи пандемияи COVID-19 сухан ронда, таваҷҷуҳро ба “нобаробарии ваксинавӣ ва миллатгароии ваксинавӣ” ҷалб кард, ки ба асари он “ҷудоӣ байни кишварҳои дорои  даромади баланд ва паст” зиёдтар мешавад. Ба гуфтаи ӯ, 77% тамоми эмгузарониҳо алайҳи коронавирус ҳоло танҳо ба 10 кишвари ҷаҳон рост меоянд. Дар ҳамин ҳол, аксарияти кишварҳои камдаромад «то ҳол ваксинаи кофӣ надоранд, то эмгузаронии аҳолии осебпазир ва зери хатар қарор доштаро  таъмин кунанд».

“Агар кишварҳо фавран ваксинаҳоро бо механизми COVAX мубодила кунанд ва агар истеҳсолкунандагон фармоишҳои COVAX-ро дар мадди аввал гузоранд, пас мо метавонем на камтар аз 10% аҳолии ҳар кишварро то моҳи сентябр ва на камтар аз 40% -ро то охири сол эм кунем”, — гуфт директори генералӣ. Вай хотиррасон кард, ки то моҳи сентябр бояд “ба таври иловагӣ 250 миллион вояи ваксина” пайдо карда шавад.

СУТ ба механизми COVAX аҳамияти калон медиҳад. Тибқи шартҳои барнома, кишварҳои дорои даромади баланд маблағи хариди ваксинаҳоро барои кишварҳое, ки даромади онҳо ба ҳар сари аҳолӣ камтар аст, пардохт мекунанд. Қарор аст, ки дар чаҳорчӯбаи ин механизм, то охири соли 2021 2 миллиард вояи ваксинаи зидди коронавирус истеҳсол ва дар саросари ҷаҳон баробар тақсим карда шавад.

   АКС:  Dixinews

Июнь 29, 2021 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»