«ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГӢ ОМӮЗ…». Дар ин олимпиада, ки дар Хуҷанд доир шуд, 110 донишҷӯ ғолиб гардиданд

Июнь 3, 2021 11:12

ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  28-29 майи соли равон таҳти унвони «Дониш талабу бузургӣ омӯз…» олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат  доир гардид, ки аз 378 нафар иштирокчӣ 27 нафар соҳиби ҷойи 1-ум, 30 нафар соҳиби ҷойи 2-юм ва 33 нафар соҳиби ҷойи 3-юм гардидаанд.

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушвахт ба АМИТ “Ховар”  хабар дод, олимпиадаи мазкур ба шарафи  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.

Дар байни 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҷойи якумро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ҷойи сеюмро Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиб шуданд.

Дар олимпиада  аз 35 муассиса 378 нафар донишҷӯ аз рӯйи 14 фанни таълимӣ – фалсафа, химия, таърихи халқи тоҷик, география, технологияи информатсионӣ, физика, забони англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, педагогика, назарияи иқтисодӣ, математика, биология-экология ва сиёсатшиносӣ донишу малакаи худро санҷиданд.

Баъд аз боздид аз намоишгоҳи дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд дар Кохи фарҳангии «Суғдиён» бо иштироки мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, муовини Вазири маориф ва илм Диловар Қодирзода,  мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ,  раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Одиназода, ректорон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва иштирокчиёни олимпиада-донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар маросими ифтитоҳии олимпиада доир гардид.

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода  таъкид намуд, ки имсол Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯйи 14 фанни таълимӣ ҷараён гирифта, ҳадаф аз ин ташаббус дарёфти ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат, кашфи истеъдодҳои ҷавон ва донишҷӯёни соҳибистеъдод, тавсеаи неруи зеҳнӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбӣ, муайян намудани сатҳи дониш ва тафаккури донишҷӯён маҳсуб мешавад.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ва дигарон доир ба зарурати ташкили олимпиада ва намудҳои гуногуни озмунҳо байни ҷавонон, нақши илму маориф ва ҷойгоҳи масоили марбут ба рушди илму маориф дар сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карданд.

Гуфта шуд, ки олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар баробари муаррифӣ намудани ҷавонони соҳибмаърифат, инчунин ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаҳои илму маориф заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сипас муовини сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Наврӯз Мирзозода довталабонро бо шартҳо ва тартиби баргузории озмун шинос намуд.

Олимпиада кори худро дар синфхонаҳои факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оғоз кард. Дар олимпиада аслан иштирокдорон ба саволномаҳои тестӣ ҷавоб дода, ҳамзамон, аз фанни забон ва адабиёти тоҷик эссе ва аз фанни забони русӣ нақли хаттӣ низ навиштанд.

Саволномаҳои тестӣ аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, лифофаҳо дар назди донишҷӯён кушода шуда, натиҷаи он низ тавассути компютер санҷида шуда, пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд. Мавзӯъҳои эссе аз мавзӯъи озоду адабиёти классику муосир иборат буд. Ба навиштани эссе нафароне ҳуқуқ пайдо карданд, ки ба беш аз ҳафтод дарсади саволҳои тестӣ пурра дуруст ҷавоб дода, холи гузаришро аз худ кардаанд.

Рӯзи дуюми олимпиада, аз соати 07:30 комиссияи апеллятсионӣ ба кори худ шурӯъ кард. Нахуст, тасмим гирифта шуд, ки ба апеллятсия танҳо нафароне роҳ дода шаванд, ки аз 50 хол зиёд гирифтаанд, аммо баъд аз машварати гурӯҳи корӣ ва бо мақсади таъмини шаффофияту ҳавасмандсозии донишҷӯён ба ҳама имкон даст дод, ки ариза пешниҳод кунанд. Аксари аризадиҳандагон аз он таъкид мекарданд, ки танҳо мехоҳанд бо натиҷаи кори худ шинос шаванд ва барои оянда камбудиҳоро ислоҳ созанд.

Аммо баръакси ин нафарон, донишҷӯёне низ буданд, ки соатҳо баҳс карда, исбот мекарданд, ки андешаашон дуруст аст. Масалан, Рухшона Намозова-донишҷӯи курси 4-уми факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки тибқи натиҷаҳои пешакӣ аз фанни забон адабиёти тоҷик соҳиби ҷойи дуюм гардида буд, баъд аз баҳсу талошҳои зиёд ва исботи дурустии ҷавобҳои худ дар назди ду нафар устод тавонист, ки соҳиби 5 холи иловагӣ аз санҷиши тестӣ гардад ва баҳои эссеи худро аз 4/4 ба 5/4 иваз намуда, сазовори ҷойи 1-ум шавад.

Чунин рақобат ва баҳсу талошҳои донишҷӯён аз фанни сиёстшиносӣ, физика ва забони англисӣ низ ба мушоҳида мерасид. Ин гуна рақобат ва талошҳо гувоҳ аз он буд, ки ҳар нафар мехоҳад исбот созад, ки ӯ арзандаи ин ё он ҷой аст. Ва воқеан, мушоҳида мешуд, ки сатҳи донишу тафаккур ва ҷаҳонбинии донишҷӯён нисбат ба солҳои қаблӣ бамаротиб фарқ мекунад.

Нимаи дуюми рӯзи 29-уми май дар Кохи фарҳангии «Суғдиён» бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Диловар Қодирзода, раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Одиназода,  ректорону намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва донишҷӯён маросими ҷамъбастии олимпиада доир гардид.

Дар фазои тантанавӣ ба ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм Диплом ва дигар туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукоти олимпиада тақдим карда шуд. Илова ба ин, ба 20 нафар, ки сазовори ҷойҳои 4-5-ум гардидаанд, ҳамчун мақоми ифтихорӣ “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Июнь 3, 2021 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
4 нафар довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардиданд
Имрӯз ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷоизаҳо супорида шуданд
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Волидони ғолибони озмун сазовори нишони «Маърифатпарвар» гардиданд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд