Душанбе мизбони вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои СҲШ мегардад
ДУШАНБЕ,03.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ дар Душанбе ҷаласаи коршиносони аршад барои омода намудани вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои узви СҲШ бо иштироки намояндагони кишварҳои Ҳиндустон, Чин, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия ва Тоҷикистон дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ доир гардид. Баргузории вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои узви СҲШ 15-16 июли соли равон дар доираи ҳамоиши ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ, ки 16-17 сентябр дар Душанбе доир мегардад, ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ дар шароити таҳдиди ҷаҳонии пандемияи COVID-19, имконоти эҷоди хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва таъмини амнияти сайёҳон дар ин хатсайрҳо байни кишварҳои узви СҲШ, лоиҳаи Нақшаи амалиёти муштарак барои солҳои 2021-2022 оид ба татбиқи Барномаи ҳамкории СҲШ дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Инчунин лоиҳаи Протокол ва иртиботи иттилоотӣ аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви СҲШ тасдиқ гардида, омодагӣ ба мулоқоти роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви СҲШ, форуми сайёҳии СҲШ ва фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои узви СҲШ, лоиҳаи Протоколи ҷаласаи коршиносони маъмурияти сайёҳии кишварҳои узви СҲШ дар бораи омодагӣ ба ҷаласаи сарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви СҲШ-ро муҳокима намуданд.
Яке аз ҳадафҳои асосии СҲШ дар баробари таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки кишварҳои аъзо, мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаи сайёҳӣ низ маҳсуб меёбад.
Аксҳо аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ










Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»






