ФУТБОЛ.Ғолибони бозиҳои даври даҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ муайян шуданд

Июнь 22, 2021 10:17

ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20-21 июни соли равон бо баргузор шудани бозиҳои даври даҳум марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ оғоз ёфт. Дастаи нави лигаи олӣ «Эсхата»-и  шаҳри Хуҷанд дар ин давр бар дастаи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғалаба карда, ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар дақиқаи 21-и бозии «Эсхата» ва «Душанбе» Даниел Тэгу аз дастаи «Душанбе» ҳисобро боз кард. Вале ҳамдастааш Фарҳод Қосимов ба дарвозаи дастаи  худашон гол зада, ҳисобро баробар намуд. Баъд аз ин футболбозони пойтахт ба худ наомаданд ва мизбонон ду голи дигар заданд. Ин корро Боҳирҷон Сангинбоев дар дақиқаи 48 ва Парвиз Алиев дар дақиқаи 94 иҷро карданд.

Дар бозии дигар бошад,  дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бар дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби  2:1 пирӯз шуд. Голҳои дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро  Сунатулло Исмоилов, Нуриддин Ҳамроқулов, голи дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъро Маҳмадалӣ Содиқов ба номашон сабт карданд.

Дар бозии марказии давр  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дастаи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуд.  Панҷ голи ин вохӯрии ҷолибро бозингарони  дастаи  «Истиқлол» заданд – 4 тӯб ба дарвозаи ҳариф тавассути зарбаҳои нишонраси Рустам Соиров, Муҳаммадҷон Раҳимов, Манучеҳр Ҷалилов, Рёта Нома, як тӯб ба дарвозаи худ – Алексей Ларин.

Дар ду бозии дигар дастаҳои футболи   «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бар «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бар КМВА-шаҳри Душанбе бо ҳисоби якхелаи 2:1 ғалаба карданд.

Ҳамин тариқ, бо натиҷагирӣ аз 10 даври бозиҳо дастаи футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо 17 хол ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад. Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо як хол камтар дар ҷои дуюм,  дастаи  футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бошад, бо 15 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Ёдовар мешавем, ки  рӯзҳои  26-27 июни соли равон бозиҳои даври ёздаҳум Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мешаванд. Рӯзи аввал  дастаҳои КМВА-и шаҳри  Душанбе  бо «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан,  дар рӯзи дуюм  дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  бо «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо «Эсхата»и шаҳри Хуҷанд  ва «Равшан»-и  шаҳри Кӯлоб  бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  байни ҳам рақобат мекунанд.

 

Б Ғ М Б Голҳо +/- Х
1 «Эсхата» (Хуҷанд) 10 5 2 3 19-15 +4 17
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 5 1 3 18-12 +6 16
3 «Хатлон» (Бохтар) 9 4 3 2 11-18 -7 15
4 «Равшан» (Кӯлоб) 9 3 3 3 12-12 0 12
5 «Истаравшан» (Истаравшан) 9 3 3 3 10-10 0 12
6 «Файзканд» (Восеъ) 9 3 3 3 9-9 0 12
7 «Куктош» (Рӯдакӣ) 10 3 2 5 11-18 -7 11
8 «Истиқлол» (Душанбе) 4 3 1 0 8-2 +6 10
9 «Душанбе» (Душанбе) 9 2 3 4 14-19 -5 9
10 КМВА (Душанбе) 10 1 3 6 10-17 -7 6

 

Июнь 22, 2021 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд