ФУТБОЛ.Ғолибони бозиҳои даври даҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20-21 июни соли равон бо баргузор шудани бозиҳои даври даҳум марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ оғоз ёфт. Дастаи нави лигаи олӣ «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар ин давр бар дастаи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғалаба карда, ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар дақиқаи 21-и бозии «Эсхата» ва «Душанбе» Даниел Тэгу аз дастаи «Душанбе» ҳисобро боз кард. Вале ҳамдастааш Фарҳод Қосимов ба дарвозаи дастаи худашон гол зада, ҳисобро баробар намуд. Баъд аз ин футболбозони пойтахт ба худ наомаданд ва мизбонон ду голи дигар заданд. Ин корро Боҳирҷон Сангинбоев дар дақиқаи 48 ва Парвиз Алиев дар дақиқаи 94 иҷро карданд.
Дар бозии дигар бошад, дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро Сунатулло Исмоилов, Нуриддин Ҳамроқулов, голи дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъро Маҳмадалӣ Содиқов ба номашон сабт карданд.
Дар бозии марказии давр дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуд. Панҷ голи ин вохӯрии ҷолибро бозингарони дастаи «Истиқлол» заданд – 4 тӯб ба дарвозаи ҳариф тавассути зарбаҳои нишонраси Рустам Соиров, Муҳаммадҷон Раҳимов, Манучеҳр Ҷалилов, Рёта Нома, як тӯб ба дарвозаи худ – Алексей Ларин.
Дар ду бозии дигар дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бар «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бар КМВА-шаҳри Душанбе бо ҳисоби якхелаи 2:1 ғалаба карданд.
Ҳамин тариқ, бо натиҷагирӣ аз 10 даври бозиҳо дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо 17 хол ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо як хол камтар дар ҷои дуюм, дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бошад, бо 15 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 26-27 июни соли равон бозиҳои даври ёздаҳум Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мешаванд. Рӯзи аввал дастаҳои КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, дар рӯзи дуюм дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Эсхата»и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе байни ҳам рақобат мекунанд.
| Б | Ғ | М | Б | Голҳо | +/- | Х | ||
| 1 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 10 | 5 | 2 | 3 | 19-15 | +4 | 17 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 9 | 5 | 1 | 3 | 18-12 | +6 | 16 |
| 3 | «Хатлон» (Бохтар) | 9 | 4 | 3 | 2 | 11-18 | -7 | 15 |
| 4 | «Равшан» (Кӯлоб) | 9 | 3 | 3 | 3 | 12-12 | 0 | 12 |
| 5 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 9 | 3 | 3 | 3 | 10-10 | 0 | 12 |
| 6 | «Файзканд» (Восеъ) | 9 | 3 | 3 | 3 | 9-9 | 0 | 12 |
| 7 | «Куктош» (Рӯдакӣ) | 10 | 3 | 2 | 5 | 11-18 | -7 | 11 |
| 8 | «Истиқлол» (Душанбе) | 4 | 3 | 1 | 0 | 8-2 | +6 | 10 |
| 9 | «Душанбе» (Душанбе) | 9 | 2 | 3 | 4 | 14-19 | -5 | 9 |
| 10 | КМВА (Душанбе) | 10 | 1 | 3 | 6 | 10-17 | -7 | 6 |








Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд






